08:55:32 18-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ШИРКАТИ ЭРОНИЁНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИНТИХОБОТИ ЭРОН

 

 Рӯзи ҷумъа, 12 июн ҳудуди ҳазору панҷсад эронии муқими Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ширкат карда ва ба тарафдорӣ аз номзади мавриди назарашон раъй додаанд. 

Танҳо ҳавзаи раъйгирӣ дар Тоҷикистон дар сохтмони кунсулгарии Эрон дар шаҳри Душанбе воқеъ буд, ки аз соъати 8 субҳ то 6 бегоҳ фаъол хоҳад буд. Аммо сандуқе сайёр низ ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтуда-2 ва туннели Истиқлол фиристода шуд. Бархе аз райъдиҳандагон аз ҷумлаи шаҳрвандони эронии муқими Тоҷикистон мегӯянд, ки одат кардаанд муддатҳои тулонӣ дар берун аз Эрон барои интихоби руасои ҷумҳури ҷадид райъ медиҳанд.

Али Асгари Шеърдуст, сафири Эрон дар Тоҷикистон ки дар қатори райъдиҳандагон буд, ба хабарнигорон гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳудуди як ҳазору панҷсад анфар аз шаҳрвандони Эрон ҳастанд ва ҳудуди сесад нафар аз онҳо машғули фаъолият дар сохтмони нерӯгоҳи барқи Сангтуда дар устони Хатлон ба сар мебаранд.

Оқои Шеърдӯст афзуд: "Мо барои он идда аз кормандоне, ки дар ин нерӯгоҳ кор мекунанд, ҳайатеро сафарбар кардем, то онҳо тавонанд дар маҳали кор райъи худро ба сандуқ резанд."

Бархе дигар аз ирониён дар сохтмони роҳҳо фаъолият мекунанд. Ҳамчунин ба гуфтаи сафри Эрон дар Тоҷикистон ҳамасола теъдоди донишҷӯён аз Эрон низ афзоиш меёбад, ки онҳо ҳамакунун дар райъдиҳи ширкат мекунанд.

Иззатуллоҳ Номдор, ҳуқуқдони эронӣ, ки аз бист сол бад-ин сӯ дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, мегӯяд, ки дар ин муддат аксаран дар берун аз Эрон дар интихобот ширкат доштааст.

Оқои Номдор мегӯяд: " Ҳарчанд ман берун аз Эрон ҳастам, аммо масоили сиёсии Эронро ҳамеша пайгирӣ мекунам ва аз зиндагии сиёсии он ҷо хабардор ҳастам. Ман ин бор ба оқои Мусавӣ раъй додам ва аз сиёсати ислоҳталабонаи вай дифоъ мекунам."

Аниса Пажҳуда, аз соли 1962 бад-ин сӯ дар Тоҷикстон ба сар мебарад, аммо шаҳрвандии кишварашро аз даст надодааст. Вай гуфт: "Ман хатти форси балад нестам ва аз масъулон хоҳиш кардам, ки исми фардеро, ки мехостам барояш раъй диҳам дар он дарҷ кунанд." 

Дар миёни раъйдиҳандагон афроде дигар низ ба мисли хонум Аниса буданд, ки эронитабор, аммо солҳои тӯлонӣ муқими Тоҷикистон ҳастанд. 

Бештари ин афрод дар даврони Шӯравӣ аз Эрон ба соири кишварҳои ин иттиҳодия фарор карда буданд ва дар даҳсолаи ахир бархе аз онҳо дубора мувафақ ба дарёфти шаҳрвандии Эрон шуданд. 

Дар миёни райъдиҳандагон иддае аз тоҷирон ва соҳибкорон эроние низ ҳастанд, ки аз муддатҳо қабл дар Тоҷикистон ба тиҷорату соҳибкории хусусӣ машғул ҳастанд.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi