12:28:47 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Le Monde: ИМА барои Украина стратегияи мувофиқ надорад

Дар паси ризоияти Амрико аз пуштибонӣ аз Украина ва хоҳиши мағлуб кардани Русия ба ҳар қимате, адами стратегияи дарозмуддат ва ҳадафи ниҳоӣ дар муноқиша ҳаст, менависад Le Monde.

07 usa press jo bayden 455421"Сухан дар бораи пирӯзӣ ва заъиф шудани Русия боиси нигаронии ҷиддие шудааст. Ҳоло инҷо сухан танҳо ба ниёзҳои Украина меравад: бештар мушакҳои Stinger ва Javelin мехоҳад, лавозимоти ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин талаб мекунад. <…> Аммо ман дар бораи ҳадафҳои низомӣ чизе намешунавам. Мо куҷо равонаем?" - мегӯяд муҳаққиқи Шӯрои равобити хориҷӣ Чарлз Копчан.

Ин рӯзнома хотирнишон мекунад, ки дар ҷамъомади коршиносони масоили сиёсати хориҷӣ танҳо метавон майлу дархости муҷозоти Москавро эҳсос кард.

Нашрия менависад: "Шиори "Кӯмак ба Украина" сенарияҳои зиёди эҳтимолиро дар назар дорад, ки ду моҳ пеш ғайриимкон ба назар мерасид. Артиши ИМА алакай дар Олмон барои 200 сарбози украинӣ омӯзиши истифодаи гаубитсаҳои М-777 ташкил кардааст".

Ин рӯзнома таъкид мекунад, бар хилофи Аврупо, Вошингтон ҳатто ба имкони ҳалли дипломатии муноқиша ишора намекунад.

"Ҳар қадаре ки артиши Украина муваффақиятҳои бештар дошта бошад, ҳамон қадар васвасаи идомаи ҷанг, сарфи назар аз талафоти инсонӣ ва моддӣ бештар мешавад", - қайд мекунад муаллиф.

Дар натиҷа, ӯ чунин суол дод: "Ҳадафи Иёлоти Муттаҳида чист ва пуштибонии Вашингтон аз Киев то куҷо рафта метавонад?"

Ҳафтаи гузашта раиси Пентагон Ллойд Остин дар пайи боздидаш аз Киев гуфт, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад Русияро заъиф созад, то “натавонад ҳамон амалҳоеро, ки дар Украина анҷом медиҳад” анҷом дод. Суханони ӯ дар Русия мавҷи интиқодҳоро ба бор овард. Николай Патрушев, дабири Шӯрои Амният ёдовар шуд, ки Москав ба ҳарчӣ зудтар анҷом ёфтани амалиёти вижаи низомӣ манфиатдор аст, дар ҳоле ки кишварҳои ғарбӣ саъй доранд онро “ҳатто то охирин украинӣ” кашола диҳанд. Ба гуфтаи Анатолий Антонов, сафир дар Вошингтон, амрикоиҳо талош доранд, ки макони бесуботӣ дар Аврупоро ҳифз кунанд ва муттаҳидони ғарбиро дар атрофи худ муттаҳид кунанд, то мавқеъи худро дар арсаи ҷаҳонӣ нигоҳ доранд.

Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаро барои безарарсозии Украина оғоз кард. Тавре Владимир Путин таъкид кард, ҳадафи он "ҳимояи одамоне мебошад, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу наслкӯшӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ба гуфтаи вазорати дифоъ, артиши Русия танҳо ба зербинои низомӣ ва нирӯҳои Украина зарба мезанад, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад. Ҳадафи аслии амалиёт дар ин департамент озодсозии Донбасс номида шуд.

РИА Новости

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi