18:43:49 26-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 27 28
29 30          

Сардори истихбороти низомии ИМА: ДОИШ метавонад ҳамлаҳоро аз Афғонистон дубора оғоз кунад

Мудири истихбороти низомии ИМА Скотт Берриер рӯзи сешанбе гуфт, Иёлоти Муттаҳида бовар дорад, ки гурӯҳҳои террористии "Давлати исломӣ" ва "Ал-Қоида" дар Афғонистон тавонистанд зарфияти кофӣ барои азсаргирии ҳамлаҳо дар хориҷи кишварро дар тӯли як сол эҷод кунанд.

6 glava-razvedki usa 5454"Мо бовар дорем, ки "Давлати исломӣ" тақрибан як сол ва "Ал-Қоида" каме бештар вақт лозим аст, то тавоноии кофӣ барои аз сар гирифтани ҳамлаҳо дар хориҷ аз Афғонистонро эҳё кунад" гуфт Берриер дар ҷаласаи Кумитаи умури мусаллаҳи Сенати Амрико.

Вай ҳамчунин афзуд, ки ҷунбиши ҳокими Толибон дар Афғонистон (ки таҳти таҳримоти СММ барои фаъолиятҳои террористӣ қарор дорад) ба таври умум ба ваъдаи худ оид ба ҷилавгирӣ аз густариши таҳдиди террористӣ дар ин кишвар вафо кардааст.

Дар авоили моҳи августи соли гузашта Толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба охир расидааст. Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт. Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 соли низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд. Аввали моҳи сентябр ҳайати 0Ьукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд, ки ба он Муҳаммад Ҳасан Охунд роҳбарӣ мекард, ки дар давраи ҳукмронии аввалини Толибон сардори вазорати корҳои хориҷӣ кор мекард ва аз соли 2001 инҷониб таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон алайҳи Толибон, ки дар сар то сари вилоятҳои Афғонистон, бахусус дар Панҷшер ба сари қудрат омадаанд, меҷангад.

РИА Новости

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi