00:22:52 08-уми Июни 2025 сол

Сарвазирони Ҳиндустон ва кишварҳои шимолӣ аз авзоъ дар Украина нигаронанд

Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ва нахуствазирони кишварҳои Скандинавии Норвегия, Шветсия, Исландия ва Финландия аз идомаи бӯҳрони башарӣ дар Украина изҳори нигаронӣ карданд.

3 naendra modi 454512"Сарвазирон аз идомаи бӯҳрони шадид дар Украина изҳори нигаронӣ намуданд. Онҳо марги ғайринизомиён дар Украинаро бечунучаро маҳкум карданд. Онҳо зарурати қатъи фаврии ҷангро бори дигар тасдиқ карданд. Онҳо таъкид карданд, ки тартиботи ҷаҳонии муосир бар асоси Оинномаи СММ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва эҳтиром ба истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо бунёд ёфтааст”, - омадааст дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон.

Сарвазирон, ки дар ин ҳамоиш ширкат доштанд, "таъсири бесуботкунандаи низоъ дар Украина ва паёмадҳои густурдаи минтақаӣ ва ҷаҳонии онро баррасӣ карданд" ва ба мувофиқа расиданд, ки дар ин масъала фаъолона иштирок кунанд.

Рӯзи чаҳоршанбе Нарендра Модӣ дар нишасти Ҳинд ва Кишварҳои Шимол ширкат кард ва бо нахуствазирони Норвегия, Шветсия, Исландия ва Финландия мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод. Як рӯз пеш аз ин ӯ бо сарвазири Дания мулоқот анҷом дод.

Рӯзи душанбе Модӣ нахустин сафари хориҷии имсолаи худро оғоз кард, ки дар ҷараёни он аз Олмон, Дания дидан кард ва сипас бо як сафари расмӣ ба Фаронса сафар мекунад. Ба гуфтаи муовини аввали вазири хориҷаи Ҳинд Винай Кватра, нахуствазири Ҳинд дар ин сафар масоили тиҷорат, амнияти энержӣ, дифоъ ва Украинаро баррасӣ хоҳад кард. Куатра гуфт, ҳадафи аслии сафари Модӣ "созиш ва таҳкими шарикии дуҷониба дар як қатор соҳаҳо" бо кишварҳои калидии Аврупо мебошад.

РИА Новости

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854