Ҳиндустон умедвор аст, ки музокироти тиҷоратӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ҳарчӣ зудтар анҷом диҳад
Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ гуфт, Ҳиндустон мунтазири анҷоми зудтарин музокирот оид ба созишномаи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупо аст.
Ҳинд дар соли 2007 музокирот барои имзои як созишномаи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупоро оғоз кард, аммо музокирот дар соли 2013 ба таъхир афтод, зеро ду тараф дар масоили калидӣ, аз қабили ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, пардохти боҷи мошинҳо ва машрубот ва кӯчонидани онҳо ба мувофиқа нарасиданд. Музокирот оид ба созишнома дар моҳи майи соли гузашта аз сар гирифта шуд.
Модӣ дар нишасти хабарии муштарак бо Матт Фредериксон, нахуствазири Дания гуфт: "Мо умедворем, ки музокирот дар бораи созишномаи тиҷорати озод миёни Ҳиндустон ва Иттиҳодияи Аврупо дар ояндаи наздик ба анҷом мерасад".
Вай ҳамчунин қайд кард, ки беш аз 200 ширкати Дания дар Ҳиндустон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетикаи бодӣ, ҳамлу нақл, машварат, коркарди ғизо ва муҳандисӣ фаъолият мекунанд.
"Ин ширкатҳо аз беҳтар кардани соддагардонии тиҷорат ва ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҳиндустон баҳра мебаранд" гуфт Модӣ.
Сарвазири Ҳиндустон рӯзи сешанбе барои як сафари якрӯза вориди пойтахти Дания шуд, ки дар он чанд мулоқот ва гуфтугӯҳо бо раҳбарони кишварҳои шимолӣ дар назар аст.
Модӣ нахустин сафари хориҷии имсолаи худро рӯзи душанбе оғоз карда, аз Олмон, Дания ва сипас як сафари расмӣ ба Фаронса роҳандозӣ карда шуд. Ба гуфтаи Винни Куаттра, муовини аввали вазири хориҷаи Ҳинд, нахуствазири Ҳинд дар бораи тиҷорат, амнияти энержӣ, дифоъ ва Украина гуфтугӯ хоҳад кард. Куатра гуфт, ки ҳадафи аслии сафари Модӣ "созиш ва таҳкими шарикии дуҷониба дар бахшҳои мухталиф" бо кишварҳои калидии Аврупо будааст.
"РИА Новости"