04:42:36 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Муовини нахуствазир гуфт, ки Киев аз нияти пайвастан ба НАТО даст накашидааст

Муовини нахуствазири Украина Олга Стефанишина ба рӯзномаи испании El Pais гуфт, "Украина аз нақшаи пайвастан ба НАТО даст накашидааст".

4 ukraina nato 568945"Киев нияти пайвастан ба Паймони Атлантикаи Шимолиро рад ва ё ба таъхир нагузоштааст", - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, муовини нахуствазир аз мавзеъгирии НАТО дар қиболи Украина интиқод кард ва қайд кард, ки маҳз номуайянии ин блок боиси вазъи кунунӣ шудааст.

"Гузоришҳои НАТО дар бораи Украина каме ноумедкунанда буданд ва албатта мо интизори бештар доштем" гуфт ӯ ва илова кард, ки президент Владимир Зеленский "ҳаққи интиқод карданро дорад".

Украина дар моҳи декабри соли 2014 аз мақоми ғайриблокӣ даст кашид ва сипас дар Қонуни асосии худ роҳи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО-ро сабт кард. Ҳоло он мақоми шарики мустаҳками иттиҳодро дорад, аммо ба узвияти комил исрор мекунад.

Ҳафтаи гузашта вазири дифои Амрико Ллойд Остин гуфта буд, ки имкони пайвастани Украина ба эътилоф ҳоло баррасӣ намешавад. Аммо вай таъкид кард, ки НАТО аз сиёсати "дарҳои боз"-и худ даст нахоҳад кашид ва эҳтимоли пайвастани Киев дар оянда ба ин созмонро рад накард.

Аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижа барои безараргардонии Украинаро анҷом медиҳад. Тавре Владимир Путин таъкид кард, ҳадафи он "дастгирии онҳое аст, ки дар тӯли ҳашт сол аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд". Ба гуфтаи вазорати дифоъ, ҳамлаҳои низомии Русия ба инфрасохтори низомӣ ва нерӯҳои Украина роҳандозӣ шуда, ба мардуми осоишта таҳдид намекунад. Ҳадафи аслии амалиёт дар ин бахш озод кардани Донбасс буд.

"РИА Нвоости"

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi