09:59:36 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Трамп мегӯяд, Амрико дар даврони Байден маҷбур шуд аз Русия "илтимоси бахшиш" пурсад

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини ИМА гуфт, ки дар замони ҷонишинии ӯ, демократ Ҷо Байден, кишвар истиқлоли энергетикии худро аз даст дод ва маҷбур шуд, ки аз Русия ва Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт “Илтимоси бахшиш” пурсад.

2 bayden 56622332564546Трамп рӯзи якшанбе дар гирдиҳамоии ҳомиёни худ дар Неброско гуфт: "Онҳо мавқеияти ҳукумронии моро дар соҳаи энержӣ таслим карданд ва шуруъ ба "илтимоси башиш" аз Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт, Русия, Венесуэла ва Эрон шуданд". Ин маросим аз телевизиони маҳаллӣ пахш шуд.

Собиқ соҳиби Кохи Сафед сиёсати мақомоти феълии Амрикоро нокомии комил хонда, ёдовар шуд, ки дар замони ӯ арзиши як голлан бензин камтар аз ду доллар буд.

"Биёед ба фактҳо назар андозем - рақамҳо ва натиҷаҳое, ки онҳоро рад кардан мумкин нест. Ман ба он расида будам, ки як голлан бензин як доллар 87 сент арзиш дошт. Дар замони онҳо (маъмурияти Байден. - ред.) арзиши он панҷ, шаш, ҳафт - ва охири ҳафтаи гузашта дар баъзе ҷойҳо ҳатто ҳашт доллар буд", гуфт президенти собиқи ИМА.

Ӯ дар хотима гуфт, ки дар замони маъмурияти ӯ кишвар истиқлолияти энержӣ ба даст овард, ки "ба назари баъзеҳо ғайриимкон менамуд".

"РИА Новости"

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi