08:01:43 01-уми Июни 2025 сол

Дар Чин гуфтанд, ки тамдиди муноқиша дар Украина ба чӣ оварда мерасонад

Коршиноси низомии чинӣ бар ин назар аст, ки тамдиди муноқиша дар Украина метавонад боиси ҷанги густарда дар саросари Аврупо шавад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба Global Times. Русия "равшан изҳор дошт", ки мағлуб шуда наметавонад, гуфт ӯ.

5 kitay russia europa 323256"Агар ҳарду ҷониб сахтгирона боқӣ монанд, тамоми Аврупо метавонад ба майдони набард табдил ёбад ва боиси фалокатҳои азим барои тамоми кишварҳои Аврупо ва тамоми ҷаҳон гардад" гуфт коршиноси низомии чинӣ.

Вай инчунин қайд кард, ки Вошингтон амалан Украинаро узви НАТО кард, зеро ҳеҷ яке аз кишварҳои узви Паймони Атлантикаи Шимолӣ қаблан аз Иёлоти Муттаҳида, бахусус дар масъалаи интиқоли аслиҳа чунин дастгирии бузург нагирифта буд.

Қаблан Ҷозеп Боррел, намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷа ва сиёсати амниятӣ дар бораи зарурати кӯмак ба Украина, ҷилавгирӣ аз ташдиди авзоъ ва ворид шудан ба ҷанг бо Русия гуфта буд.

Рӯзи 24 феврал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин эълом дошт, ки дар посух ба дархости кӯмак аз раҳбарони Ҷумҳурии Халқии Донетск ва Ҷумҳурии Халқии Гуганс тасмим гирифтааст, дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом диҳад.

Сарвари давлати Русия ҳадафи ин амалиётро “ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд. Тасмими гузаронидани амалиёт сабаби таҳримҳои нави ИМА ва муттаҳидонаш алайҳи Русия шуд.

Антон Демидов, газета.ру

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854