07:56:43 01-уми Июни 2025 сол

Иттифоқчиёни ғайричашмдошти Русия дар СММ нақшаи Лихтенштейни Амрикоро вайрон карданд

ИМА мехост, ки аз бӯҳрони Украина истифода кунад, то Русияро аз вето дар СММ маҳрум кунад, аммо Маскав аз миёни Ғарб муттаҳидони ғайричашмдошт пайдо кард. Дар ин бора таҳлилгарони нашрияи чинии "360 Kuai" хабар доданд.

3 russia usa oon 212145Ба гуфтаи коршиносон, Вошингтон аз Лихтенштейн истифода кард, то масъалаи тағйири низоми истифодаи ҳуқуқи веторо ба баррасии Маҷмаи Умумии СММ гузорад, менависад PolitRussia. Ташаббус аз он иборат буд, ки ба аъзоёни доимии ташкилоти байналхалқӣ яккаю танҳо ба баъзе қарорҳо вето гузошта шавад.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Русия қаблан Лихтенштейнро ба феҳрасти кишварҳои нодӯст шомил карда буд, хабар медиҳад Радиои Sputnik.

“Вақте Русия ҳадафи СММ шуд, дар миёни кишварҳои ғарбӣ ва аз миёни аъзои доимии ин созмон ҳампаймонҳои ғайричашмдошт пайдо кард. Британияи Кабир ва Фаронса ба ташаббуси Лихтенштейн мухолифат карданд" гуфта мешавад дар мавод.

Таҳлилгарон таъкид карданд, ки Париж ва Лондон бо ду сабаб ташаббуси маккоронаи Амрикоро рад карданд. Аввалан, кишварҳо нияти пурра қатъ кардани муносибатҳоро бо Русия надоранд. Сониян, давлатҳо мавқеъҳои худро дар Ташкилоти Давлатœои Муттаœида суст карданӣ нестанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки президенти Русия Владимир Путин дабири кулли СММ Антониу Гутерришро дар Маскав ба ҳузур пазируфт.

ФАН

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854