21:46:17 11-уми Майи 2025 сол

Хадамоти амниятии Покистон ҳеҷ далеле дар бораи тавтеъа алайҳи нахуствазири собиқ дарёфт накардаанд

Кумитаи амнияти миллии Покистон бозёфтҳои ниҳодҳои амниятии давлатиро таҳлил карда, ба ин натиҷа расидааст, ки далели тавтеаи хориҷӣ алайҳи сарвазири собиқ Имрон Хон вуҷуд надорад. Дар ин бора дар хабари матбуотии маъмурияти нахуствазири нав Шаҳбоз Шариф гуфта шудааст.

10 khadamoti pokiston 5656Шаҳбоз Шариф, рӯзи 22 апрел ҷаласаи Кумитаи амнияти миллии Покистонро раҳбарӣ кард. Дар маҷлис телеграмаи дар охири моҳи март аз сафоратхонаи Покистон дар Вашингтон гирифташуда муҳокима шуд.

Сафири собиқи Покистон дар Вашингтон Асад Маҷид Хон дар ҷаласа дар бораи мактуби дипломатии худ, ки гӯё дар он таҳдиде ба ҳукумати Имрон Хон аз ҷониби мақомоти амрикоӣ ирсол шудааст, иттилоъ дод.

"Кумитаи амнияти миллӣ пас аз баррасии муҳтавои паём, баҳо ва хулосаҳои пешниҳодкардаи ниҳодҳои амниятӣ ба хулосае меояд, ки ҳеҷ гуна тавтеаи хориҷӣ вуҷуд надоштааст", - омадааст дар хабари матбуотӣ.

Имрон Хон, нахуствазири пешин, ки аз ҳизби марказгарои Ҷунбиши адолат намояндагӣ мекард, рӯзи 10 апрел бо раъйи нобоварӣ аз мақомаш барканор шуд. Чанде пеш аз ин ӯ гуфта буд, ки ба ҳукуматаш аз ҷониби Амрико ва мухолифони маҳаллӣ таҳдид шудааст ва ба ӯ "номаи таҳдид" омадааст.

Ҷунбиши Адолат иддаъо кард, ки ҳукумати Хон ба далели сиёсати мустақили хориҷӣ ва сафари нахуствазир аз Русия дар рӯзи 24 феврал, дар рӯзи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина барканор шуд.

ТАСС

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ