ҶОПОН БАРОИ БОРИ АВВАЛ АЗ СОЛИ 2003 КУРИЛРО "ҒАЙРИҚОНУНӢ ИШҒОЛКАРДАИ РУСИЯ" НОМИД
Дар китоби кабуди дипломатия дар соли 2022 Ҷопон "сарзаминҳои шимолӣ" (ба қавли ҷопониҳо Курилҳои ҷанубӣ)-ро ба унвони "ишғоли ғайри қонунӣ" тавассути Русия таъйин кард. Ба гузориши хабаргузории Киодо ин барои аввалинбор аз соли 2003 садо додааст.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон гузориши солонаи худро дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи ҷумъаи 22 апрел муаррифӣ кард.
Инчунин дар китоби кабуд, бори аввал аз соли 2011 таърифе пайдо шуд, ки Курилҳо қаламрави мутааллиқ ба Ҷопон аст.
Сарфи назар аз мавқеъи Ҷопон дар ҷазираҳо, ки тӯли даҳсолаҳо тағйир наёфтааст, матни китоби кабуд дар бораи дипломатия вобаста ба вазъи равобити Русияву Ҷопон тағйир меёбад. Масалан, дар соли 2018 дар гузориш таърифи ҷазираҳо ба Ҷопон тааллуқ доштааст. Дар соли 2019 ин таъриф аз Китоби кабуд нопадид шуд - он бо иборае иваз карда шуд, ки Ҷопон ва Русия барои ҳалли масъалаи ҳудудӣ кор мекунанд. Дар соли 2020, ҷазираҳо ҳамчун қаламрави таҳти соҳибихтиёрии Ҷопон номида шуданд. Дар соли 2021, матн нигоҳ дошта шуд.
Қаблан Ҷопон дар робита ба амалиёти вижаи низомӣ дар Украина алайҳи Русия чанд бастаи таҳримот ҷорӣ карда буд. Ҳамин тавр, аз 18 март содироти 275 коло ва аз 5 апрел манъи содироти колоҳои боҳашамат ба Русия, аз ҷумла мошину ҷавоҳирот ҷорӣ шудааст.
Муносибатҳои Русия ва Ҷопон дар тӯли солҳои тӯлонӣ ба далели набуди паймони сулҳ дар соя мондааст. Мавқеи Маскав ин аст, ки ҷазираҳои Курил дар пайи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шуданд ва соҳибихтиёрии Русия бар онҳо шаке нест.