23:33:19 07-уми Июни 2025 сол

SPIEGEL: ВАЗЪИЯТ ДАР АТРОФИ УКРАИНА МЕТАВОНАД БОИСИ ИСТЕЪФОИ ШОЛЗ ГАРДАД

Дар ҳукумати Олмон баҳсҳо бар сари интиқоли аслиҳаи сангин ба Украина авҷ мегирад ва тасмимгирии садри аъзами Олмон Олаф Шолс метавонад ба истеъфои ӯ мунҷар шавад. Дар ин бора маҷаллаи "Spiegel" менависад.

8 spigel sholtz 212145Раҳбарони блоки ҳизбҳои мухолифи иттиҳоди христианӣ-демократӣ/Иттиҳоди христианҳои сотсиалӣ ният доранд, ки ҳафтаи оянда ба бундестаг лоиҳаи фармонро дар бораи додани аслиҳаи вазнин ба Украина пешниҳод кунанд, агар Шолс ин корро накунад, менависад рӯзнома.

"Spiegel" инчунин қайд мекунад, ки Шолс ҳам аз ҷониби мухолифин ва ҳам аъзои эътилофи ҷонибдори ҳукумат интиқод мешавад.

Қаблан муовини нозири генералии Бундесвер – нирӯҳои мусаллаҳи Олмон – Маркус Лаубентал ба интиқоли силоҳи вазнин аз ҷониби Олмон ба Украина мухолифат карда буд. Вай диққатро ба он ҷалб намуд, ки ба қувваҳои мусаллаҳи Олмон барои назорат кардани қувваҳои мусаллаҳ ва тайёр кардани кадрҳои нави ҳарбӣ системаҳои замонавии ҳарбӣ зарурат дорад. Ғайр аз ин, барои Олмон ва барои иҳрои уҳдадориҳои гуногун, аз он ҷумла дар дохили НАТО ҳам мошинаҳои ҷангии гуруҳии «Мардер» лозиманд.

Дар навбати худ Олаф Шолз, садри аъзами Олмон гуфт, ки Олмон гумон аст, ки Украинаро аз захираҳои худ бо силоҳ таъмин кунад - онҳо тақрибан тамом шудаанд. Сиёсатмадор тавзеҳ дод, ки тонкҳои олмонии Леопард, масалан, дар Украина маъное надоранд, зеро аз сабаби надоштани таҷриба дар коркарди таҷҳизот онҳо наметавонанд онҳоро истифода баранд. Ба ҷои ин, бояд силоҳҳо аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ ворид шаванд, ки артиши Украина бо онҳо то андозае шинос аст, хулоса кард ӯ.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854