G7: ТАҲРИМҲОИ ЗИДДИ РУСИЯ БАРОИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ ЧАНДОН ЗИЁНОВАР НЕСТ
Кишварҳои G7 мутмаинанд, ки таҳримҳои зидди Русия хуб андешида шудаанд. Ва бо ҷорӣ шудани онҳо зарар ба кишварҳои сеюм ва иқтисоди ҷаҳонӣ камтар хоҳад буд. Дар ин бора дар изҳороти раҳбарони вазоратҳои молия ва бонкҳои марказии кишварҳои G7 гуфта мешавад.
Мақомот таъкид карданд, ки дар феҳристи таҳримҳо маҳсулоти калидии кишоварзӣ ва маҳсулоти муҳими башардӯстона (доруҳо, ғизо, таҷҳизоти тиббӣ) шомил нестанд.
Рӯзи 24 феврал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар посух ба дархости раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс барои кумак аз амалиёти вижаи низомӣ хабар дод. Путин таъкид кард, ки ин барои мардуме сурат мегирад, ки бояд аз таҳқири режими Киев ҳифз шаванд. Дар нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украина нест, ҳадаф озод кардани Донбасс аст. Бо вуҷуди ин, Ғарб милитаризатсияи Украина ва ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Русияро идома медиҳанд.