ИНТИХОБОТ БО ШИРКАТИ КАРЗАЙ ВА АБДУЛЛОҲ
Кумисиюни мустақили интихоботи Афғонистон эълом кардааст, ки даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар мутобиқи барномаи қаблӣ баргузор хоҳад шуд. Довудалии Наҷафӣ, раиси дабирхонаи кумисиюни интихобот дар гуфтугӯе бо Би-би-сӣ гуфт, ки ин интихобот бо ширкати Ҳомиди Карзай ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ дар 7 ноябр баргузор мешавад.
Пеш аз ин оқои Абдуллоҳ шароитеро барои рафтан ба даври дувуми интихобот гузошта ва гуфта буд, ки бароварда шудани ин шароит ба шаффофияти интихобот кумак мекунад. Оқои Наҷафӣ дар посух ба ин пурсиш, ки агар яке аз ин ду номзад аз ширкат дар интихобот мунсариф шавад ва ё интихоботро таҳрим кунад, интихобот метавонад баргузор шавад ё на, гуфт: "Бале, интихобот бояд баргузор шавад, қонун дар ин замина сароҳат дорад."
Ӯ афзуд: "Қонун мегӯяд агар ҳеҷ номзаде натавонад 50 дарсад ба иловаи як раъйро дар даври аввал ба даст оварад, даври дувуми интихобот бояд дар муддати ду ҳафта (пас аз даври аввал) баргузор шавад. Интихобот баргузор шавад, ва ҳатман баргузор шавад." Ба гуфтаи оқои Наҷафӣ, ҳеҷ як аз номзадҳои даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳаққи инсироф ё таҳрими интихоботро надоранд ва "онҳо бояд то охир ба пеш бираванд."
Оқои Наҷафӣ гуфт, ки кумисиюни интихобот барои номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пеш аз ин муддат замони вижаеро барои инсироф аз ширкат дар интихобот таъйин карда ва акнун ин замон ба сар расидааст. Ӯ афзуд ба фарзи ин ки яке аз номзадҳо инсирофаш аз ширкат дар интихоботро эълом ҳам кунад, ӯ мунсариф дониста нахоҳад шуд ва номи ӯ ҳамчунон дар баргаҳои раъй боқӣ хоҳад монд ва орое, ки ба нафъи ӯ ба сандуқҳо рехта хоҳад шуд, муҳосиба ва эълом хоҳад шуд.
Оқои Наҷафӣ ҳамчунин гуфт, ки аз ҷумла шароити оқои Абдуллоҳ, чоп ва тавзеъи кортҳои вижаи назорат бар интихобот ба нозирони номзадҳо ва ба номи худи онҳо, аз ҷониби кумисиюн пазируфта шудааст ва ба иҷро дархоҳад омад Оқои Абдуллоҳ гуфта буд, ки бояд 20 ҳазор корти назорат ба нозирони интихоботии ӯ дода шавад.
Раиси дабирхонаи кумисиюни интихобот аммо афзуд, ки шароити дигаре, ки аз сӯйи оқои Абдуллоҳ матраҳ шуда, аз ҷумла барканории Азизуллоҳ Лудин, раиси ин кумисиюн, аз салоҳиятҳои раиси ҷумҳурӣ аст ва рабти мустақим ба мақомҳои ин кумисиюн надорад. Таълиқи вазоифи се узви кобина ва раиси ургонҳои маҳаллӣ ва назорат бар кори се вазоратхонаи дигар ва ҳамчунин шуморе аз волиҳо, аз дигар шароити оқои Абдуллоҳ аст.
Оқои Абдуллоҳ гуфтааст, ки ин мақомҳо дар даври нахусти интихобот дар кори интихобот ба нафъи оқои Карзай мудохила кардаанд ва мудохилоти онҳо дар даври дувум ҳам идома хоҳад ёфт. Ӯ таъкид карда, ки ин шароитро барои шаффофияти интихобот матраҳ кардааст.
Оқои Абдуллоҳ ба Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурӣ ва рақиби интихоботиаш то фардо, 1 ноябр, фурсат додааст, ки ин шароити ӯро иҷро кунад. Аммо оқои Карзай пеш аз ин шароити ӯро "ғайриамалӣ" хонда ва рад кардааст.
Би-Би-Си