МИХАИЛ СААКАШВИЛӢ ШИКАСТИ ҲИЗБАШРО ЭЪТИРОФ КАРД
03.10.2012 08:34
984
Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, рӯзи сешанбе, 2-юми октябр, эътироф кард, ки дар интихоботи парлумонии ин кишвар эътилофи “Орзуи гурҷӣ” пирӯз шудааст. Ӯ дар як паёми телевизионӣ гуфт, "баъд аз эълони натиҷаҳои пешакӣ бартарии эътилофи “Орзуи гурҷӣ” ошкор шуд.
"ИМА ВА МУТТАҲИДОНАШ АЗ ТЕРРОРИЗМ ҲИМОЯТ МЕКУНАНД"
02.10.2012 14:05
1007
Валид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, рӯзи душанбе зимни суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфтааст, муваффақияти ҳар талоше барои ҳаллу фасли мусолиматомези бӯҳрони Сурия, маҷбур кардани Туркия, Арабистони Саудӣ ва Қатар ...
ИМА ДАР ҶАНГИ АФҒОНИСТОН 2 000 САРБОЗАШРО АЗ ДАСТ ДОДААСТ
30.09.2012 21:31
1394
Артиши Иёлоти Муттаҳида аз оғози ҷанги 11-сола дар Афғонистон то кунун 2 ҳазор сарбози худро талаф додааст. Мақомоти Амрико мегӯянд, бо қатли як сарбози ин кишвар аз тарафи як маъмури амниятии афғон, теъдоди сарбозони кушташудаи амрикоӣ дар ҷанги 11-сола ...
КЛИНТОН: "БАШОР АСАД ДУДАСТА БА ҚУДРАТ ЧАСПИДААСТ"
27.09.2012 18:55
1056
Ҳилларӣ Клинтон дар нишасти навбатии Шӯрои амният гуфт, Амрико хоҳони давраи гузариш бидуни Башор Асад аст. Баҳси навбатӣ оид ба бӯҳрони Сурия дар Шӯрои амнияти СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки аз низоъ дар ин кишвар 18 моҳ сипарӣ шуда, кай поён ...
"ЗАМИН ВА НАЙ"- РОМАНИ ТО ҲОЛ НОМАЪЛУМИ АЙМАТОВ
27.09.2012 18:53
984
Пайвандони адиби маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов мегӯянд, дастнависи як романи то ҳол номаълуми ӯро пайдо кардаанд. Ширин Айтматова, духтари адиб гуфт, ки ин дастнависро модараш аз байни қоғазҳои дигар пайдо кардааст ва он ғолибан хеле пеш навишта шуда, рангаш бо гузашти айём хеле зард ҳам шудааст.
ВОКУНИШИ ҲОШИМИИ РАФСАНҶОНӢ БА БОЗДОШТИ ФАРЗАНДОНАШ
25.09.2012 12:30
1247
Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва раисиҷумҳури собиқи Эрон, дар вокуниш ба боздошти фарзандонаш - Фоиза ва Меҳдии Ҳошимӣ гуфт, фарзандони ӯ аз фарзандони мардум фарқе надоранд.
ПИСАРИ РАИСИ ҶУМҲУРИ ПЕШИНИ ЭРОН БОЗДОШТ ШУД
24.09.2012 19:53
1312
Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон Меҳдии Ҳошимӣ, писари Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ пас аз тафҳими иттиҳом (предъявление обвинения) бо судури қарори боздошти муваққат равонаи зиндони Эвин шудааст.
АМРИКО БА 20 ТАН АЗ ҲАМРОҲОНИ АҲМАДИНАЖОД ВИЗА НАДОД
23.09.2012 15:40
1118
Давлати Амрико барои 20 нафар аз ҳамроҳони Маҳмуди Аҳмадинажод, аз ҷумла ду вазири давлати Эрон виза содир накардааст. Қарор аст, ки Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон барои охирин бор ба унвони раиси ҷумҳур, дар нишасти Маҷмаи умумии ...
ФАРМОНДЕҲИ СИПОҲИ ПОСДОРОН: «ҲАМА БОЯД БАРОИ ҶАНГИ ОЯНДА ОМОДА ШАВЕМ»
22.09.2012 21:50
1271
Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, дар суханоне камсобиқа нисбат ба вуқӯъи ҷанг бо Исроил сухан гуфта ва ҳушдор додааст, ки "ҳама бояд барои ҷанги оянда омода шавем."
ДАЪВАТИ МУХОЛИФОН БАРОИ БОЙКОТИ ИНТИХОБОТИ БЕЛАРУС
22.09.2012 15:30
1130
Шаш гурӯҳи мухолифи ҳукумати Беларус аз раъйдиҳандагон хостанд, то интихоботи порлумониро бойкот кунанд. Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар Минск, раҳбарони мухолифини Беларус изҳор доштанд, ки интихоботи порлумонии 23-юми сентябр ...
ТАШВИШИ РУСИЯ АЗ БОҚӢ МОНДАНИ ПОЙГОҲҲОИ НАТО ДАР АФҒОНИСТОН
22.09.2012 15:25
1122
Намояндаи доимии Русия дар Созмони Милал аз ҳифзи пойгоҳҳои НАТО дар Афғонистон пас аз соли 2014 нигаронӣ кардааст. Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милал, дар мавриди ҳифзи пойгоҳҳои низомии НАТО пас аз хурӯҷи нерӯҳои ...
БАДРАФТОРӢ ДАР МАҲБАС, САРИ ВАЗИРИ ГУРҶИРО БА БОД ДОД
20.09.2012 10:59
1183
Ошкор шудани мавридҳои бадрафторӣ дар яке аз зиндонҳои Тбилисӣ - пойтахти Гурҷистон, ҷанҷолеро дар ин кишвар бапо кардааст.Навори видеои бо саҳнаҳои барафторӣ ба зиндониён мавҷи эътирози хонаводаҳои зиндониён ва ҳомиёни ҳуқуқии инсонро ...
USAID БАЪД АЗ 20 СОЛ РУСИЯРО ТАРК МЕКУНАД
19.09.2012 10:27
1188
Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфт, қарори ҳукумати Русия дар бораи хотимаи фаъолияти USAID ба онҳо расидааст, ки барномаҳо барои рушди иқтисодӣ ва умури идорӣ дар саросари дунё амалӣ мекунад.
БАРАК ОБАМА ГУФТ, "ИН ҚУРБОНӢ ФАРОМӮШ НАХОҲАД ШУД"
15.09.2012 21:27
1216
Эътирозҳо бар зидди филми "Мусалмо- нони бегуноҳ", ки дар он паёмбари ислом масхара шудааст, ҳамоно идома дорад. Дар раҳпаймоиҳои эътирозии назди сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Қоҳираи Миср, ки рӯзи ҷумъа оғоз ёфта, рӯзи шанбе идома дошт, ҳадди ақал як ...
САФИРИ АМРИКО ДАР ЛИБИЯ КУШТА ШУД
12.09.2012 17:28
1143
Дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ дар шаҳри Бенғозӣ чор нафар, аз ҷумла сафири Амрико дар ин кишвар, Кристофер Стивенс, ба ҳалокат расидаанд.Силоҳбадастон болои консулгарии Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри шарқии Бенғозии Либия ҳамла...