10:46:22 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АВРУПО ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ ЭРОНРО БЕШТАР МЕКУНАД

ИА таҳримоти тозае алайҳи Эрон эъмол хоҳад кард, ки метавонад, иқтисоди ин кишварро ба мушкилоти бештар гирифтор намояд. Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар Люксембург ба хотири баррасӣ ва тасвиби ин таҳримҳо ҷамъ меоянд. Бино ба гузоришҳо, низоми бонкӣ, арсаи саноат ва киштиронии Эрон ҳадафи таҳримҳо хоҳад буд.

/images/stories/2012/10/15_ittihodi-aurupo-151012.jpgИттиҳодияи Аврупо мехоҳад, аз ин роҳ Эронро маҷбур кунад, ки фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро боздорад, ки ба эътиқоди кишварҳои ғарбӣ як ҳадафи он фаъолиятҳо сохтани бомби атомист. Давлати Эрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш ҳадафҳои сулҳомез дорад ва аз моҳи апрел то кунун дар се даври музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ гуфтааст, то замоне, ки таҳримҳои умдаи иқтисодӣ алайҳи Эронро лағв накунанд, ғанисозии ураниумро боз намедорад.

Аммо ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин  талабро напазируфта ва баръакс таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эронро бештар карданд.

​​Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон дар остонаи нишасти Люксембург, дар шаҳри Берлин гуфт, “дар чанд моҳи гузашта Эрон дар ҳеҷ яке аз масоили умдаи матраҳшуда ҳаракате нишон надод ва аз ин рӯ мо бояд, аз роҳи таҳримот фишор ба Эрон афзоиш диҳем.”

Бо он ки сару садо дар бораи ҳамла ба таъсисоти атомии Эрон боло гирифтааст, Гуидо Вестервелле гуфт, ки шеваи дипломатӣ ҳамчунон як роҳҳи ҳалли сиёсии буҳрони ҳастаии Эрон боқӣ мемонад. Панҷ қудрати ҷаҳонӣ, Фаронса, Бритониё, Амрико, Чин ва Русия ба иловаи Олмон соли равон аз Эрон хостанд, ки аз ғанисозии ураниуми 20 дар садӣ даст кашад, ки баъди ин марҳила то сохти бомби атомӣ як қадами дигар боқӣ мемонад. Аммо Эрон ин тақозоро рад кардааст. Исроил, ки мегӯянд, ягон кишвари мусаллаҳ бо бомби атомӣ дар Ховари Миёна аст, таҳдид кардааст, ки ба таъсисоти атомии Эрон ҳамла мекунад.

Таҳримоти тозаи Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон, тағйире дар сиёсати ин иттиҳодия аст, ки дар гузашта танҳо афрод ва ширкатҳои алоҳидаи эрониро таҳти таҳрим қарор медод. Як дипломати аврупоӣ ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки ин дафъа муомилоти молӣ бо Эрон мамнӯъ карда хоҳад шуд, ба истиснои муомилот барои кӯмакҳои башарӣ ва хариди маводи ғизоӣ, доруворӣ ва тиҷоратҳои қонунӣ. Бар асоси таҳримоти нав, тоҷирони аврупоӣ пеш аз ҳар гуна муомилоти молӣ бояд аз ҳукумати кишварҳояшон иҷоза бигиранд, коре ки дар гузашта намекарданд.

​​Таҳримоти байналмилалӣ ва аз ҷумла таҳримоти хариди нафт аз Эрон, то кунун иқтисоди ин кишварро нафасгир кардаанд. Ҳамин сол Иттиҳодияи Аврупо аз хариди нафти Эрон даст кашид ва Амрико муомилоти молӣ бо Теҳронро бисёр сахт кард. Бар асари ин таҳримҳо, қурби риёл пули миллии Эрон башиддат поён рафт ва то ҳадде, ки дар Теҳрон тоҷирон ошӯб бардоштанд.

Клиф Купчан, таҳлилгари умури Ховари Миёна, ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, бар асоси таҳримоти нав фуруши фулуззот ва графит, як моддаи лозим барои оҳангудозӣ дар Эрон мамнӯъ мешавад, ки метавонад, зарбаи сахте ба иқтисоди Эрон бизанад.

Дигар таҳримот, манъи воридоти гази моеъ аз Эрон хоҳад буд ва ҳам таҳрими ширкатҳои киштиронӣ, то аз ин роҳ қудрати Эрон дар содироти нафт ва ба даст овардани арзи хориҷиро маҳдуд кунанд. Бар асоси таҳримоти нави Иттиҳодияи Аврупо, ширкатҳои кишварҳои узв ҳақ нахоҳанд дошт, ба Эрон абзори киштисозӣ ва васоили анборҳои нафт бифурӯшанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi