16:34:06 15-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Вокуниши ҲНИТ ба изҳороти намояндаи худ дар Бадахшон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳороти намояндаи худ дар Хоруғро як навъ барномаи созмонёфтаи мақомот медонанд, ки дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ мехоҳанд нуфуз ва обрӯи ин ҳизбро аз байн бубаранд.

asror-bulbulov 06082013Асрор Булбулов, раиси бахши хоруғии ҲНИТ шоми 5-уми август бо пахши як баёния, ки шабакаҳои телевизиони давлатӣ онро намоиш доданд, таъкид кардааст, ки ҲНИТ на фақат барои Бадахшон, балки барои кулли Тоҷикистон даркор нест ва манфиате барои мардуми Тоҷикистон надорад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми август ба мо гуфт, ки аз шеваи пахши изҳороти намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ва хабаргузории "Ховар" нашр шуд, маълум мешавад, ки мақомоти давлатӣ Асрор Булбуловро таҳти фишор қарор дода, ӯро водор кардаанд, ки зидди ҳизб ҳарф бизанад.

«ҲНИТ чунин меҳисобад, ки дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатӣ аз ҳар роҳе истифода мекунанд, ки Ҳизби наҳзатро дар ҷомеа дар назди мардум беобрӯ кунанд, то натавонад дар корзори интихобот аз имконоти худ ҳамаҷониба истифода кунад.» Сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, ки Асрор Булбулов ҳанӯз ба таври расмӣ раиси бахши хоруғии ин ҳизб набуда, танҳо иҷрокунандаи ин вазифа мебошад.

Асрор Булбулов дар сӯҳбати телефонӣ бо мо аз шарҳи изҳороти худ худдорӣ кард ва зарур нашуморид, ки дар робита ба ин масъала сӯҳбат кунад.

Ҷаноби Булбулов дар изҳороташ мегӯяд, ки тибқи феҳрасти аъзои ҲНИТ дар Бадахшон, гуё шумораи онҳо ба 2700 нафар баробар аст ва дар ҷои дигар ишора мекунад, ки гӯё ин ҳизб 3000 узв дорад, ки ин асоси воқеӣ надорад. Ин масъули ҲНИТ дар Бадахшон мегӯяд, ки «дар мавриди шумораи аъзои ҳизб танҳо дар Хоруғ гуфта метавонам, ки шумораи онҳоеро, ки  252 нафар нишон медиҳанд, ман ҳамагӣ 5 нафарро мешиносам.»

Асрор Булбулов дар ин баёния таъкид мекунад, ки ҲНИТ дар Бадахшон лозим нест ва ин фикри ӯро гуё намояндагони ин ҳизб дар Шуғнону Рӯшон ҳам пуштибонӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, раёсати ҲНИТ тасмим гирифтааст, ки баъд аз Иди Фитр як ҳайати худро барои баррасии вазъ дар Бадахшон, ба Хоруғ фиристад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi