00:53:14 02-уми Июли 2025 сол

ҚАТЛИ ЯК МАЪМУРИ ПУЛИС ДАР ДУШАНБЕ

Баъд аз зуҳри рӯзи душанбе як маъмури пулис дар қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе ба зарби гулӯлаи афроди номаълум кушта шудааст. Дар ин ҳодиса як маъмури дигари пулис ҷароҳат бардоштааст.

 

Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангуйи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳодиса дар порки “Дӯстии ҳалқҳо”, дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, рух додааст. Ба гуфтаи вай, сержантҳо Дӯстмурод Бадалов ва Абдураҳмон Муродов, маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, зимни назорат аз ин боғ ду нафарро мушоҳида кардаанд, ки дар зери дарахте машғули истифода аз маводди мухаддир буданд.

 

Маъмурони пулис аз онҳо хостаанд, ки мадорики худро нишон диҳанд, вале ин ду нафар, ки ҳувияташон мушаххас нашудааст, аз ҷайби худ тапончаи Макаровро гирифта ва ба сӯйи ин ду сержант гулӯла шилик кардаанд.

 

Оқои Асадуллоев мегӯяд, ки дар пайи тирпаронӣ сержант Дӯстмурод Бадалови 27-сола дар ҷойи ҳодиса кушта шуд ва сержант Абдураҳмон Муродов ҷароҳатҳои сангин бардошт. Афроди муҳоҷим бо истифода аз худраве аз маҳалли ҳодиса нопадид шудаанд. Маҳмадулло Асадуллоев афзуд, ки талошҳои маъмурони пулис барои боздошти сареъи ин афрод то ҳол натиҷае дар пай надоштааст.

 

Вале бо дастури вазири умури дохилаи Тоҷикистон барои таҳқиқи ин ҳодиса ва боздошти афроди мазнун гурӯҳи вижае ба раҳбарии Рамазон Раҳимов, муъовини аввали вазири кишвар, таъсис шудааст. Дар ҳамин ҳол, бархе аз шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки дар маҳалли ҳодиса нахуст миёни маъмурони пулис ва афроди номаълум сӯҳбатҳои тунд ва даъво сурат гирифта ва сипас садои шилики гулӯла шунида шудааст.

 

Дар соли равон ин барои бори нахуст нест, ки кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба дасти афроди номаълум кушта мешаванд.

 

Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ Саидумар Саидов, раиси бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Исфара, ва дар моҳи майи соли ҷорӣ як корманди вазорати умури дохила дар шаҳри Хуҷанд, маркази устони Суғд, ба қатл расида буданд. Ҳамчунин дар соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Турсунзода низ ду маъмури пулис аз сӯйи афроди номаълум кушта шуда буданд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ