13:16:58 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

Коммунистҳои тоҷик аз изҳороти Жириновский хашмгинанд

Коммунистҳои Тоҷикистон аз «ҳамҳизбиён»-и худ дар Думаи давлатии Русия хостаанд, ки изҳороти зиддитоҷиконаи Владимир Жириновскийро маҳкум намоянд.

komunistho-24042013Коммунистҳои Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Фраксияи коммунистҳо дар Думаи давлатии Русия, хоҳиш кардаанд, ки матни баёнияи онҳоро дар мавриди таҳқирҳои Владимир Жириновский, раиси ҳизби ЛДПР, барои ҳамаи вакилони Дума қироат намоянд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон рӯзи 24 апрел ба мо гуфт, ки аъзои Ҳизби коммунист дар рӯзи таваллуди Владимир Ленин дар ду рӯзи қабл, изҳори назари Жириновскийро, ки дар ҳаққи миллати тоҷик ҳарфҳои носазо гуфтааст, муҳокима карда ва онро мақкум намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур тасмим гирифта шуда буд, ки номаи ҷавобӣ ба таҳқирҳои Жириновский омода шуда ва ба Фраксияи коммунистҳои Думаи давлатии Русия фиристода шавад то матни онро ба самъи вакилони Дума бирасонанад. Ба қавли Талбак Исмоилов, коммунистон ин номаи худро рӯзи 23-юми апрел ба унвони Думаи давлатии Русия ирсол доштаанд.

Талбак Исмоилов афзуд, ки дар порлумон ба таври алоҳидагӣ вакилон назари худро дар хусуси ҳарфҳои носазои Жириновский баён хоҳанд дошт.

Аз ин қабл Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон суханони Влидимир Жириновскийро таҳқири миллати тоҷик номида, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ба он аксуламал нишон диҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi