16:56:52 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Масъулин: Зиндоние ҳангоми фирор захмӣ шуд


Мақомоти Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи То
ҷикистон дар бораи ҳодисаи ҷилавгирӣ аз фирори як зиндонӣ гузориш доданд.

zindon-15042013Ба иттилои мақомот, як маҳбуси зиндони рақами 3/3-и ноҳияи Ваҳдат (Кирпичний), ки дар 20-километрии шарқи Душанбе ҷойгир аст, ҳангоми фирор аз маҳбас аз тарафи посбонон захмӣ шуд. Одинашо Муродов, сухангӯи Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон 15 апрел ба мо гуфт, ки ин ҳодиса  соати 3:20 дақиқаи шаби шанбе ба якшанбе рӯй дод.

Ба иттилои ӯ, маҳбус Иззатулло Шодиев мехост аз маҳбас фирор кунад, аммо "посбонҳо аввал ба ӯ ҳушдор доданд, вале вай аз роҳаш пас нагашт, сипас онҳо оташ кушода ӯро захмӣ намуданд". Дар натиҷа, зиндонӣ дигар натавонист ҳаракат кунад ва ӯро боздошт намуда ба беморхонаи маҳбас бистарӣ карданд.

Одинашо Муродов гуфт, ки Иззатулло Шодиев дар ноҳияи пояш тир хӯрда захмӣ шудааст. Сабаби кӯшиши фирор кардани ин зиндонӣ шарҳ дода намешавад. Санҷиши ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Тибқи иттилои расмӣ, Изатулло Шодиев сокини ҷамоати «Сешанбе»-и ноҳияи Турсунзода буда, дар таърихи 6 январи соли гузашта тибқи моддаи 244 қисми 2, барои дуздӣ ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ҳоло маълум нест, ки оё барои ин амал Шодиев иловатан муҷозот мешавад, ё на.

Одинашо Муродов  бо зикри ин хабар гуфт, ки «ба муносибати ин хизмати шоён се сарбозе, ки дар боздошти маҳбуси фирорӣ Изатулло Шодиев саҳм гирифтанд, пеш аз муҳлат аз хизмати аскарӣ озод карда шуданд".

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi