22:08:58 14-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Август 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҳамрохон Зарифӣ унвони илмӣ дарёфт кард


Ҳамрохон Зариф
ӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон расман унвони номзади илмҳои сиёсатшиносиро дарёфт кард. Қарори тақдими унвони илмӣ ба Ҳамрохон Зарифӣ 25 марти соли ҷорӣ аз ҷониби вазорати илму маорифи Русия қабул шуд. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, мавзӯи кори илмии Ҳ.Зарифӣ “Мушкилот ва дурнамои равобити САҲА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дидгоҳи таъмини амнияти минтақаӣ” буд.

zarifi 12042013Гуфта мешавад, ки маросими дифоъ аз рисолаи номзадии Зарифӣ на дар Маскав, балки дар Душанбе, мутобиқ ба шартномаҳои байнидалватии миёни Русияву Тоҷикистон дар бахши илму маориф сурат гирифтааст. Рисолаи номзадӣ дар Душанбе ҳимоя шуда, баъдан барои тасдиқ ба Комиссиюни олии аттестатсионии назди Вазорати илму маорифи Русия фиристода шудааст.

Ба гуфтаи вазорати  илму маорифи Русия, ҳимояи рисолаи номзадӣ аз рӯи талаботи ин ниҳод сурат мегирад ва баъдан тамоми санадҳо ба ҳайати комиссиюни олӣ фиристода мешаванд. Тасмими ниҳоӣ оиди қабул ё рад шудани кори илмӣ дар ихтиёри ин ниҳод будааст.

Раҳбари илмии рисолаи номзадии Ҳ.Зарифӣ, Абдураҳмон Маҳмадов дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки маросими ҳимояи ин рисолаи илмӣ соли гузашта дар  шӯъбаи сиёсатшиносии факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат гирифт ва баъдан барои тасдиқи ба Русия ирсол шуд.

Абдураҳмон Маҳмадов, раиси шӯрои диссертационии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, ки  дар давоми 15 соли охир аз миёни донишмандону мутахассисони Тоҷикистон дар Русия се нафар унвони доктори илм ва 18 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Афғонистону Эрон, унвони номзади илмҳои сиёсатшиносиро ба даст овардаанд.

Вай гуфт, дар риштаи сиёсатшиносӣ вакилони парлумон Суҳроб Шарипов, Махфират Хидирова ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯъмин Ятимов соҳиби унвони доктори илмҳо шудаанд.

Тоҷикистон ягона кишвари собиқ шӯравӣ аст, ки  бо Русия созишномае дорад ва бар асоси он, барои тасдиқи унвонҳои илмии донишмандонаш ба Комиссиюни олии аттестатсионии (ВАК – Высшая аттестационная комиссия) Вазорати илму маорифи Русия муроҷиат мекунад. Ин пеши роҳи унвонгирии нафарони тасодуфиро мегирад.

ВАК мутахассис дорад, вале мо, ки ду ё се мутахассиси риштаи сиёсатшиносӣ доштем,  чунин комиссиюне ташкил дода наметавонистем. Ҳоло Тоҷикистон дар андешаи таъсиси чунин як сохтори илмӣ аст, ки аз ҷониби донишмандони Академияи илмҳо пешниҳод  шуд, - гуфт Абдураҳмон Маҳмадов

Ба гуфтаи ӯ, бартарии унвонҳои илмии Русия дар он аст, ки аз ҷониби аксар кишварҳои ҷаҳон эътироф мешаванд ва барои як донишманди тоҷик зарур нест, ки санадҳои худро дар як кишвари хориҷӣ "нострификатсия", яъне дубора тасдиқ кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi