18:51:18 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Кумитаи Дума тавсия дод, ки созишнома бо Тоҷикистон тасвиб шавад


Кумитаи дифои Думаи давлатии Русия ба палатаи поёнии порлумони ин кишвар тавсия додааст, ки созишнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми он кишвар дар То
ҷ
икистонро тасвиб кунад.

tanks-110413Яна Гордиевская, сухангӯи кумита, имрӯз ба мо гуфт, аъзои кумита баъди баррасии созишнома, ба вакилони порлумон тавсия додаанд, ки ин санадро тасвиб кунанд. Ҳоло маълум нест, ки созишнома кай дар ҷаласаи Думаи Давлатӣ баррасӣ мешавад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 20--уми март тарҳи созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистонро барои тасвиб ба Дума ирсол карда буд. Бар асоси ин созишнома, пойгоҳи мазкур бо бештар аз 7 ҳазор сарбозаш бояд то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистон бимонад.

Мӯҳлати ҳузури пойгоҳ то поёни соли 2014 ба поён мерасад, вале санади мазкур ҳанӯз барои тасвиб ба порлумони Тоҷикистон фиристода нашудааст. Музокироти ду тараф сари ин созишнома тақрибан се сол тӯл кашид ва ба ҳадде муносиботи Тоҷикистону Русияро сард кард. Русия мехост, Тоҷикистон пойгоҳро ройгон мизбонӣ кунад, вале давлати Тоҷикистон дар иваз имтиёзҳои иқтисодӣ хостааст.

Қарордоди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта аснои сафари президент Владимир Путин ба Тоҷикистон имзо шудааст. Ҳангоми сафари Путин ба Тоҷикистон ҳамчунон мувофиқат ҳосил шуда буд, ки Маскаву Душанбе дар бораи мақоми муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва лағви боҷи гумрукӣ барои содироти маводи сӯхти Русия ба Тоҷикистон санадҳое имзо хоҳанд кард.

Чанде пеш дар Маскав созише ҳосил шуд, ки бар пояи он дар давоми як моҳи оянда боҷи гумрукии Русия барои содироти маводи сӯхт ба ин ҷумҳурӣ лағв мешавад, вале Тоҷикистон ҳақ нахоҳад дошт, ки он маводи сӯхти вориднамудаашро, реэкспорт ё худ ба кишвари сеюм содир намояд. Ҳамчунон раҳбарони хадамоти муҳоҷирати ду ҷумҳурӣ дар Маскав санадеро имзо карданд, ки бар асоси он муҳоҷирони кории тоҷик ҳақ хоҳанд дошт, ки то 15 рӯз бидуни сабти ном дар Русия иқомат намоянд.

Парлумони Тоҷикистон ҳам то кунун қарордоди тамдиди ҳузури низомиёни Русия дар хоки ин кишварро тасвиб накардааст.

Қарордоди ҳузури низомиёни Русия дар соли 1993 ба имзо расидааст ва дар сурати тасвиби созишнома, наздик ба ҳафт ҳазор афсару сарбози Русия то соли 2042-ум дар Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд. Пойгоҳи 201 қариб 7000 нирӯ дошта, ба ҳисоби Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ, аз нигоҳи таслиҳот 10 маротиба муқтадиртар аз артиши Тоҷикистон будааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi