БОЗДОШТИ ЯК ҚОЧОҚБАРИ ШАБАКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР МАСКАВ
Баъди нопадидшавии мармузаш аз боздошт дар Душанбе вай ҳафт моҳ баъд дар Русия дастгир шуд. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар бораи боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав хабар дод, ки дар ватанаш барои интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддир мавриди пайгарди қонун қарор доштааст.
Сухангӯи вазорат Маҳмадулло Асадуллоев рузи 24 январ ба мо гуфт, ки бар пояи дархости Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пулиси Маскав Абдуҷаббор Абдуғаффоров, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои қочоқи 50 кило маводи мухаддир айбдор дониста мешуд, дар Маскав боздошт кард.
Асадуллоев гуфт, ки Абдуҷаббор Абдуғаффоров аз моҳи июни соли гузашта дар пайгарди полиси Тоҷикистон қарор дошт. Ба иттилои мақомот, Абдуғаффоров ба шабакаи байналмилалии маводи мухадир иртибот доштааст.
Кормандони полиси Маскав, пойтахти Русия гуфтанд, ки ӯро дар як амалиёти 17 январ дастгир карданд ва интизор меравад, ки ӯ дар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон истирдод шавад.
Биноба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, моҳи июни соли 2012 кормандони ин ниҳод дар ҷараёни кофтукови як мошини тамғаи “Тойота Прадо” дар Душанбе, ки ба Абдуғаффоров тааллуқ доштааст, 50 кило ҳероинро кашфу мусодира карданд.
Аммо ба гуфтаи манобеи пажуҳишии ин қазия, худи Абдуҷаббор Абдғаффоров, ки дар ҷойи ҳодиса боздошт шуда буд, баъдан ба таври мармуз аз қаламрави Тоҷикистон фирор кард.
Ин манбаъ мегӯяд, ки гурӯҳҳое дар Тоҷикистон аз истирдоди Абдуҷаббор Абдуғаффоров ба Душанбе ҷилавгирӣ мекунанд ва ба бозовардани ӯ ба ватан низ манфиатдор нестанд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, феълан Додситони кулли Тоҷикистон парвандаеро бар пояи банди 200 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне даст доштан дар дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боз карда ва дар пайи истирдоди Абдуҷаббор Абдғаффоров аз Маскав ба душанбе шудааст.
Радиои Озодӣ