08:09:56 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАЪСИСИ ТЕЛЕВИЗИОНҲОИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намудани ширкатҳои радиотлелевизиониро шарҳ дод.

/images/stories/2013/01/13_asadullo-rahmonov-13012013.jpgАсадулло Раҳмонов, раиси кумитаи мазкур зимни як нишасте, ки дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт, ки комиссияи иҷозатномадиҳии кумита дар соли гузашта 5 ширкати радиотлелевизиониро мавриди муҳокима қарор додааст. Яъне ба қавли Раҳмонов бо муҳокимаи чунин ширкатҳо 5 шабакаи радиотелевизионии ғайридавлатӣ дар соли 2012 ба фаъолият оғоз кардаанд.

Гуфта мешавад чунин  шабакаҳои радиотелевизионӣ, ин муассисаи ғайридавлатии Радиои Исфара, ширкати радио ва телевизионии Телевизиони Ашт дар вилояти Суғд, Ширкати радиотелевизионии Диёр дар шаҳри Хуҷанд ,Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Симо ТВ дар Панҷакент ва ширкати телевизионии мавҷи Истиқлол дар Душанбе мебошанд.

Асадулло Раҳмонов мегӯяд, ба боқимонда довталабоне, ки ҷиҳати иҷозатномадиҳӣ дархост намудаанд, ба онҳо посухҳои расмӣ аз ҷониби кумита ирсол гардидааст.

Бояд зикр намуд, раиси ин кумита сабаби иҷозатнома надодани бархе аз шабакаҳо, аз ҷумла телевизиони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро низ ёдрас намуд.

Номбурда иҷозат надонаи телевизиони ҲНИТ-ро ба пурра пешниҳод нагардидани маълумоту ҳуҷҷатҳои лозима аз ҷониби роҳбарияти ин ҳизб рабт дод: «Ба ғайр аз як аризае, ки роҳбарияти ин ҳизб барои ташкили телевизион пешниҳод кардааст, номгӯи дигар ҳуҷҷатҳо, манбаи даромади телевизион, ташкили шахси ҳуқуқӣ, дар кадом формат фаъолият кардани телевизион лозим аст».

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 zikrali 15.01.2013 00:37
барои тариф кардани эмомали канали нав мекушоян
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi