ПЕШБИНИИ БЕШ АЗ 300 МИЛЛИОН СОМОНӢ БА МОИ
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи 6-уми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз вазорати мазкур ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки ин нишаст бо дастгирии дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо мақсади таҳкими иқтидори Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамоҳангсозии ҷалб ва фаъолияти шарикони рушд ба соҳаи рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
Дар ин ҷаласа масъалаҳои гуногун, за ҷумла маълумоти мухтасар оид ба тадбирҳои анҷомдода ҷиҳати иҷрои протоколи ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳисоботҳои роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба фаъолияташон дар соли 2012 ва нақшаҳояшон барои соли 2013 баррасӣ гардид.
То имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар 32 субъект, аз ҷумла дар «Суғд» 20 адад, дар «Панҷ» 7 адад, дар «Данғара» 5 адад фаъолият менамоянд, ки аз ин миқдор 12 ададашон танҳо дар соли 2012 ба қайд гирифта шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар давраи амалӣ намудани нақшаҳои тиҷоратӣ аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷалб намудани сармоягузорӣ ба чунин минтақаҳо ба маблағи бештар аз 365 миллион сомонӣ ва ташкили бештар аз 1600 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст.
Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»