00:13:23 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

РУСИЯ МАЙЛИ БОЗГАШТ БА МАРЗҲОИ ТОҶИКИСТОНРО ДОРАД

Русия ҳанӯз ҳам дар сар ҳавои бозгашт ба марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистонро дорад. Як дипломати баландпояи Русия гуфтааст, агар Тоҷикистон бихоҳад, кишвараш ҳозир аст, сарбозони русро дигарбора барои посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон бифристад.

/images/stories/2012/12/17_sarhad-tj-171212.jpgИгор Лякин-Фролов, намояндаи Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, “Агар ҳамкорони тоҷик ба мо муроҷиат кунанд, мумкин аст, ин масъаларо баррасӣ кунем, вале дар ин бора гуфтан ҳоло зуд аст.”

Марзбонони Русия, ки солҳои тулонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон буданд, соли 2005 бо дархости Тоҷикистон онҷоро тарк карданд. Марҳилаи ибтидоии хуруҷи марзбонони Русия аз марзи муштараки Тоҷикистон бо Чин сурат гирифта буд.

Ба ин тартиб, марзбонони Русия аз марз комилан хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия, барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ монданд.

Русия борҳо масъалаи бозгашт ба марзи Тоҷикистон аз тариқи расонаҳо матраҳ кардааст, вале мақомоти Душанбе гуфтаанд, зарурате ба бозгашти марзбонони рус вуҷуд надорад ва агар Русия мехоҳад кӯмак кунад, беҳтар аст, бо техникаи низомӣ ва дигар абзорҳои лозим дар тақвияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Мақомоти тоҷик ҳамвора таъкид кардаанд, ки нерӯҳои Тоҷикистон аз соли 2005 ҳимояи тамоми марзи кишварро ба дӯши худ доранд ва собит намуданд, ки ба чунин коре омода мебошанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi