АҲМАДИНАЖОД АЗ САФАР БА ТУРКИЯ ХУДДОРӢ КАРД
Тибқи иттилои хабаргузориҳои туркӣ, раиси ҷумҳури Эрон боздиди барномарезишудаи худ аз Анатолия-маркази маъмурии вилояти Қунияи Туркияро лағв кардааст. "Анадолу"-хабаргузории давлатии Туркия ба қавл аз як манбаъ дар дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон гуфтааст, Аҳмадинажод бино ба гирифториҳои зиёди корӣ, наметавонад ин боздидро анҷом диҳад.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон-нахуствазири Туркия Аҳмадинажодро барои ширкат дар маросими солгарди даргузаштаи Ҷалолиддини Румӣ ба Қуния даъват карда буд. Румӣ аз шоирони маъруфи қарни 13-и адабиёти форс ба шумор меравад. Вақтҳои ахир дар муносиботи миёни Эрон ва Туркия роҷеъ ба муноқишаҳои Сурия, дучори танишҳо шудааст. Туркия аз Башор Асад хостааст, ки аз мақомаш истеъфо диҳад, дар ҳоле, ки Эрон муттаҳиди Сурия ба шумор меравад.
Қабл аз эълони лағви боздиди Аҳмадинажод аз Туркия, Ҳасан Козимӣ -мушовири муовини раиси ҷумҳури Эрон роҷеъ ба мавзеъгирии кишвараш нисбат ба Сурия изҳори ақида кард ва гуфт, Эрон аз ҳар гуна музокира дар бораи мусолиҳаи миллӣ, ки ҳоло дар Сурия шакл мегирад, ҳимоят мекунад. Ҳасан Козимӣ ба таври ошкоро гуфт, ки Эрон аз сиёсатҳои ҳукумати Сурия ҷонибдорӣ мекунад.
Эрон ҳамчунин мухолифи истиқрори мушакҳои Патриоти НАТО мебошад. Ин мушакҳо метавонанд дар марзи миёни Сурияву Туркия ҳавопаймоҳо ё мушакҳоро сарнагун созанд. Бо вуҷуди ин, Туркия ба воридоти маводи сӯхт аз Эрон эҳтиёҷ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ба маросими солгарди даргузашти Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ ба Туркия даъват шудааст ва ҳоло дар Қуния қарор дорад. Вай дар ҳошияи ин маросим бо Абдулло Гул-раиси ҷумҳур, Раҷаб Таййиб Эрдуғон-нахуствазир ва Ҷамил Чичек-раиси парлумони Туркия мулоқот ва масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ мекунад.
«Озодӣ»