15:21:05 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲУКУМАТ БА "БАРҚИ ТОҶИК" ТО СОЛИ 2014 МУҲЛАТ ДОД

Ҳукумати Тоҷикистон барои пардохти қарзҳояш ба ширкати "Барқи тоҷик" то моҳи декабри соли 2014 муҳлат дод. Як манбаъ дар "Барқи тоҷик" бо тасдиқи ин хабар гуфт, қарори ҳукумат дар доираи таҷдиди сохтори ширкат содир шудааст ва ширка пеш аз тақсимбандӣ бояд қарзҳояшро пурра пардохт намояд.

/images/stories/2012/12/11_barqi-tojik-111212.jpgКумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ширкати "Барқи тоҷик" танҳо дар назди буҷа  ҳудуди 380 миллион сомонӣ қарздор аст. Ба қавли масъулини ин Кумита, таи нимсолаи аввали соли ҷорӣ қарзи "Барқи тоҷик" дар назди буҷа 69 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ширкати "Барқи тоҷик" изҳори боварӣ намуданд, ки  метавонанд дар муҳлати муайяннамудаи ҳукумат қарзи буҷа ва дигар ширкатҳоро пардохт намоянд. Онҳо ният доранд, ин корро аз ҳисоби ҷамъоварии қарзи ҳаққи барқу гармӣ, ки аҳолӣ ва корхонаҳо дар назди "Барқи тоҷик" доранд, амалӣ созанд.

Бар асоси иттилои ширкати "Барқи тоҷик" қарзи аҳолии Тоҷикистон аз барқ то аввали моҳи июли соли ҷорӣ 315 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар маҷмӯъ, масъулини ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, қарзи корхонаю созмонҳо ва аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ ва гармӣ ба 767,6 миллион сомонӣ баробар аст. Онҳо мӯътақиданд, дар сурати ҷамъоварии ин маблағ, қарздориҳояшонро пурра пардохт хоҳанд кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi