15:06:59 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲУШДОР АЗ ЧИПТАҲОИ ҚАЛБАКИИ САМТИ МАСКАВ – ДУШАНБЕ

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳушдор дод, ки фурӯши чиптаҳои қалбакӣ дар самти Маскав – Душанбе афзоиш ёфтааст.

/images/stories/2012/12/05_muhojirat-51212.jpgИброҳим Аҳмадов, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи чаҳоршанбеи 5-уми декабр ба мо гуфт, ки тайи рӯзҳои ахир ҳафт арзизаи шаҳрвандони Тоҷикистонро дарёфт кардаанд, ки "тӯъма"-и чиптафурӯшҳои қалбакӣ қарор гирифтаанд.

Шаҳрванди Тоҷикистон, Нозӣ Ғарибмаҳмадов дар аризаи худ навиштааст, аз як маркази диллерӣ дар бозори «Текстилшиков»-и Маскав аз Комила Ҳайдарова, шаҳрванди Тоҷикистон ба ивази 17 ҳазор рубли русӣ билети ҳавопайморо харидорӣ кардааст. Аммо вақте ба фурӯдгоҳ меояд, маълум мешавад, ки чиптаи харидааш қалбакӣ аст ва натавонистааст ба Тоҷикистон парвоз кунад.

Иброҳим Аҳмадов меафзояд, ки вақте ходимони Хадамоти муҳоҷират барои тафтиши ариза ба ҷои ҳодиса мераванд, дар он мавзеъ на маркази диллерӣ ва на Комила Ҳайдарова, фурӯшандаи чиптаи қалбакиро пайдо намекунанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони Хадамоти муҳоҷират ба тафтиши 7 аризаи шаҳрвандони Тоҷикистон машғуланд.

Ба қавли Иброҳим Аҳмадов, дар истгоҳи роҳи оҳани Маскав низ 10 шаҳрванди Тоҷикистон билети қатораро аз як ҳамватан, ки ҳоло ному насабаш маълум нест, харидорӣ мекунанд, вале баъдан маълум мешавад, ки чиптаҳои харидаашон тақаллубӣ будаанд.

Хадамоти муҳоҷират бо назардошти чунин ҳолатҳо аз муҳоҷирони корӣ, ки дар фасли зимистон мехоҳанд ба назди пайвандонашон баргарданд, тақозо кардааст, ки чиптаҳоро танҳо аз кассаҳои расмӣ харидорӣ кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi