ТАҒЙИРОТИ НАВИ КАДРӢ
Имрӯз дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон гузашт, роҳбарони баъзе вазорату идораҳо иваз карда шуданд.
Аз ҷумла, Озодаи Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зӯҳро Оқимбекова муовини раиси Агентии сохтмону меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавсума Мӯъминова муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Юсуф Султонебов муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, Акбар Файзов директори корхонаи «Востокредмет» ва Усмоналӣ Усмонов директори Маркази татбиқи барномаҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Давлатов директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Маҳмадсаид Пировро иваз намуд, ки ба вазифаи директори «Тоҷикфилм» гузаронида шуд.
Лутфулло Давлатов қабл аз ин дар вазифаи роҳбари Муассисаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» - и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
АМИТ «Ховар»