16:03:45 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗДИДИ ФАРМОНДЕҲИ АРШАДИ АМРИКОӢ АЗ ТОҶИКИСТОН

Уилям Фрейзер, фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико, вориди Тоҷикистон шуда, бо мақомот гуфтугӯ дорад. Уилям Фрейзер, фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико, шоми 21-уми октябр бо як сафари корӣ вориди Тоҷикистон шуда, имрӯз бо бархе аз мақомоти кишвар дидору гуфтугӯ анҷом додааст.

/images/stories/2012/10/22_ulyam-freyzer-221012.jpgАз ҷумла, ӯ бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Шералишо Мирзо, масоили таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ намудааст. "Азия-Плюс" аз қавли сӯхангӯи ин ниҳод Хушнуд Раҳматуллоев гуфта, ки фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз ёриҳои Амрико барои таҳкими марз изҳори сипос намудааст. Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои фаннӣ-низомӣ ва омодасозии кадрҳо барои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтугӯ намудаанд.

Фармондеҳи баландмақоми амрикоӣ рӯзи душанбе ҳамчунин бо Рамил Нодиров, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом дода, масоили амнияту субот дар минтақаро баҳс кардааст.

Ин сафари севуми генерал Уилям Фрейзер, фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико, дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аст. Вай моҳҳои феврал ва майи соли равон низ аз Тоҷикистон боздид карда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi