18:35:26 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОВУДУҒЛУ: ФОРУҚ АШ-ШАРЪА ЧЕҲРАИ МУНОСИБ БАРОИ ҶОНИШИНИИ АСАД АСТ

Аҳмад Довудуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия аз Форуқ Аш-шаръа, муъовини раиси ҷумҳури Сурия ба унвони "чеҳраи маъқул" ёд кард, ки метавонад барои мутаваққиф кардани ҷанги дохилӣ дар Сурия раиси давлати интиқолӣ ва ҷонишини Башор Асад шавад.

/images/stories/2012/10/08_davutoglu_081012.jpgОқои Довудуғлу дар мусоҳибае бо коноли телевизиюнии ЭрТи (RT) - и Туркия ҳамчунин аз Форуқ Аш-шаръа ба унвони фарде ёд кард, ки дар кушторҳои Сурия нақше надоштааст. Вазири умури хориҷаи Туркия афзуд: "Ҳиҷ кас беҳтар аз ман системи ҳукуматии Сурияро намешиносад."

Ӯ дар ин мусоҳибаи телевизиюнӣ таъкид кард, ки мухолифони сурӣ "тамоюл доранд, ки оқои Аш-шаръаро ба унвони раҳбари ояндаи давлати Сурия бипазиранд."

Форуқ Аш-шаръа саршиностарин сиёсатмадори суннимазҳаби мавриди эътимоди давлати шиъаи Сурия ба шумор меравад.

Оқои Аш-шаръа қабл аз он ки дар соли 2006 ба симати муъовинати раёсати ҷумҳурии Сурия бирасад, ба муддати 15 сол мақоми вазорати умури хориҷаро дар ихтиёр дошт.

Вазири умури хориҷаи Туркия ҳамчунин гуфт, ки ӯ мутмаъин аст, ки муъовини раиси ҷумҳури Сурия ҳамчунон дар Сурия аст.

Равобити байни Анкара ва Димишқ аз замони эҷоди нооромиҳо дар Сурия дар марти соли гузашта рӯ ба тирагӣ рафта буд, ахиран ва дар пайи гулӯлаборони деҳкадаҳои марзии Туркия тавассути артиши Сурия дар ҳафтаи гузашта ба шиддат вахим шудааст.

Туркия, ки ҳудуди 900 километр марзи муштарак бо Сурия дорад ва мизбони наздик ба 100 ҳазор паноҳандаи сурӣ аст, ошкоро аз мухолифони давлати Сурия, ки вобаста ба Артиши озоди Сурия ҳастанд, ҳимоят мекунад. Давлати Туркия хостори канорагирии Башор Асад аз қудрат аст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi