21:26:51 28-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВЛАДИМИР ПУТИН ВОРИДИ ДУШАНБЕ ШУД

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, нимашаби 4 ба 5 октябр бо як сафари расмӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.

/images/stories/2012/10/05_putin-rahmon-051012.jpgРаисиҷумҳури Русияро як ҳайати баландпояи ҳукумати ин кишвар ҳамроҳӣ мекард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси ҷумҳури Русия Владимир Путинро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аъзои ҳукумати кишвар, раҳбарият ва намояндагони сафорати Русия дар Тоҷикистон истиқбол карданд. Владимир Путин дар оғози сафараш ба Тоҷикистон дар фурудгоҳ бо хабарнигорон сӯҳбат накард.

​​​Қарор аст, мулоқоти як ба яки раисони ҷумҳуриҳои Русияву Тоҷикистон субҳи имрӯз, 5 октябр баргузор шавад. Ҳамчунин ба дунбол ҳайатҳои Тоҷикистону Русия сари мизи музокирот хоҳанд нишаст ва ба гуфтаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ин мулоқот масъалаи густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, саноат ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ёвари раисиҷумҳури Русия Юрий Ушаков қабл аз парвози Путинт ба Душанбе дар Маскав гуфт, ки Путин ва Раҳмон аз пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон низ дидан хоҳанд кард. Сарнавишти ин пойгоҳ, ки замони ҳузураш баъди 2 сол ба поён мерасад, аз мавзӯъҳои аслии сафари Путин ба Душанбе унвон мешавад. Ушаков гуфт, имкони бунёди нирӯгоҳҳои хурду миёна дар рӯдҳои дохилии Тоҷикистон ва масъалаи муҳоҷират низ дар рӯзнома ҳаст.

Ӯ афзуд, ин сафар дар рӯзи 60-солагии Эмомалӣ Раҳмон иттифоқ меуфтад ва Путин ҳамтои тоҷикашро ба ин муносибат табрик хоҳад кард. Путинро дар ин сафар як ҳайъати аршад, бо шумули вузарои хориҷаву дифоъ ва иқтисоду энержии Русия ҳамроҳӣ мекунанд.

​​Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари соҳибназарони тоҷик тахмин мезананд, ки ин сафари Владимир Путин дар рӯзи зодрӯзи раиси ҷумҳури Тоҷикистон маҳз марбут ба баррасии масъалаи тӯлкашидаи тақдири минбаъдаи пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ва рӯшан кардани мавқеи Русия дар баробари баҳсҳои обии Осиёи Марказӣ иртибот мегирад.

Қаблан Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия, ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфта буд, ки сарнавишти пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон, аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи ҷониби Маскав бо Душанбе хоҳад буд. Хабаргузории ИТАР-ТАСС 3-юми октябр ба нақл аз ёвари раисиҷумҳури Русия навишт, зимни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон ба ҳамкориҳо дар бахши таъмини амният ва бехатарӣ дар Осиёи Миёна таъкид хоҳад шуд ва пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон, нақши кафили амният ва бехатариро ифо хоҳад намуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi