15:10:23 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДАНҒАРА СОҲИБИ КАЛОНТАРИН КОРХОНАИ СЕМЕНТБАРОРӢ МЕШАВАД

Калонтарин корхонаи сементбарории минтақа бо маблағҳои бахши хусусии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ноҳияи Данғара сохта хоҳад шуд.

/images/stories/2012/10/01_cem_zavod_011012.jpgАббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд дар ҳоли ҳозир мақомоти Тоҷикистон аллакай дар ҳудуди ноҳияи Данғара барои сохтмони корхонаи сементбарорӣ замин ҷудо намуда, маъданҳои зарурӣ дар ихтиёри мутахассисони эронӣ гузошта шудаанд.

Аббос Баёнӣ таъкид кард, ки корхона аз ҷониби бахши хусусии Эрон, - ширкати «Корвон- лион» сохта шуда, дар ду марҳила амалӣ хоҳад шуд. Дар паи анҷоми марҳилаи якум иқтидори корхона ба 900 ҳазор тонна семент дар як сол баробар хоҳад шуд. Дар натиҷаи анҷоми марҳилаи дуюм иқтидори корхона дучанд шуда то ба 1 миллиону 800 ҳазор тонна семент дар як сол афзоиш меёбад.

Бояд зикр намуд талаботи солонаи Тоҷикистон ба семент бештар аз 2 миллион тонна арзёбӣ мегардад. Масъулини  Вазорати энергетика ва саноат мегӯянд, айни ҳол дар кишвар 6 корхонаи сементбарорӣ, ки калонтаринашон «Тоҷиксемент» мебошад, фаъолият доранд.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 dehkon 02.10.2012 13:19
chi foida dorad ? ba nomi ki soxta meshavad va ba komi ki meravad. budu nabudash yakson ast.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi