21:15:17 01-уми Июли 2025 сол

КУМИТАИ ИМДОД ХУМАЙНӢ БА 10 ҲАЗОР НАФАР ИФТОР ДОД

Дар давоми моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон ба 10 ҳазор нафар тарбиятгирандагони хонаи бачаҳо, мактаб-интернатҳо, хонаи калонсолон, маъбон, маҳбусон ва дигар табақаҳои кабизоати аҳолии ҷумҳурӣ маъракаи ифтор ташкил карда шуд.

 

Назар ба иттилои Мудири намояндагии кумитаи мазкур дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ маъракаи ифтор, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон- шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Ваҳдат, Ҳисор ва Нуробод дар мусоидат бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур гузаронида шуд, ки ҳадафи он дасти кӯмак дароз намудан дар моҳи Рамазон ба ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат буд.

 

Ҳамзамон, дар арафаи иди Фитр ба ҳазор нафар тарбиятгирандагони хонаи бачаҳо, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған ва биринҷ кӯмаки якдафаъина расонида шуд.

 

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ