14:24:14 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

ПРЕЗИДЕНТ БОЛО БУРДАНИ НАРХҲОРО "АМАЛИ НОСАВОБ" ХОНД

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар паёме тамоми мардуми кишварро ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон шодбош гуфт. Ин ҳам дар ҳоле, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 20-уми июлро оғози моҳи мубораки Рамазон таъин кардааст.

/images/stories/2012/07/18_janobi-oli-180712.jpgПрезидент Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи Рамазон ба унвони моҳи файзу баракат ном бурда ва гуфтааст, ки «моҳи Рамазон ҳам дар каломи раббонӣ ва ҳам дар аҳодиси пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо борҳо таъкид шудааст. Сарчашмаи гиромӣ донистани ин моҳи шариф ба мусулмонони дунё нузули китоби муқаддаси Қуръони шариф мебошад».

Дар паёми раиси ҷумҳур ҳамчунин мехонем, ки «муҳимтарин хислати ин моҳи шариф ҳамин аст, ки зоҳиру ботини фарди мусулмон бояд ягона бошад, сабру таҳаммул дар қалбу ҷисмҳо маҳкам ҷой гирад ва тамкину матонат инсонҳоро раҳнамо гардад».

Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрӯю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад, дониста мешавад, раиси ҷумҳур мардумро ба садақа кардан ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон даъват кардааст.

Аз сӯи дигар президент Раҳмон амали носавоб будани ба таври сунъи боло бурдани нарху наво дар бозорро ёдовар шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки мушоҳидаҳо ҳокист, ки умдатан дар айёми моҳи Рамазон ва иду ҷашнҳои миллӣ ва мазҳабӣ нарху наво дар бозорҳо афзоиш меёбад ва ин мояи нигаронии сокинон мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi