16:10:11 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИНТИҚОДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УЗБАКИСТОН ДАР ЗАМИНАИ РОҲИ ОҲАНИ ҚУРҒОНТЕППА

Масъули роҳи оҳани Қурғонтеппаи Тоҷикистон, мақомоти Узбакистонро ба кӯтоҳӣ дар бозгушоии роҳи оҳани Термиз – Қурғонтеппа байни ду кишвар муттаҳам кард.

Ба гузориши ИРНА, Саидҷон Ёдгорӣ гуфт: Мукотиботи расмии бисёре барои мусоидат дар бозгушоии ин роҳ бо раиси ҷумҳурӣ, нахуствазир ва маҷлиси миллии Узбакистон сурат гирифта, аммо то кунун ҳеҷ посухи мусбате ба дархости масъулони Тоҷикистон дода нашуда аст. Вай афзуд: Созмони миллал ва Созмони амният ва ҳамкории Авурупо низ аз давлати Тошканд хоста буданд, ки дар ин замина кумак кунанд, ки мутаасифона ин дархостҳо низ бепосух монда аст.

Владимир Собколов муовини раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон низ аз Узбакистон барои рафъи ин харобиҳо интиқод кард ва гуфт, ки бо вуҷуди дархостҳои зиёд барои рафъи харобиҳо дар масири ёдшуда ба роҳи оҳани Узбакистон то кунун ҳеҷ дархосте аз тарафи муқобил ба мо нарасида аст.

Узбакистон соли гузашта пас аз вуқӯи инфиҷори шадид дар роҳи оҳани Термиз - Қурғонтеппа эълом карда буд, ки таъмирро шуруъ карда ва дар 10 рӯз онро такмил хоҳад кард, аммо то кунун ин кор анҷом наёфта аст. Дар ҳамин ҳол ширкати роҳи оҳани Узбакистон пештар эълом карда буд, қатъи роҳи оҳани Термиз ـ Қурғонтеппа бо дарозии 218 километр, ки дар соли 1974 ба баҳрабардорӣ расида, манофеи матлубе барои ин кишвар надорад.

Манбаъ: Tajik.irib.ir



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi