18:35:07 02-уми Июни 2025 сол

ДАРХОСТИ РӮЗНОМАНИГОРОН АЗ НИҲОДҲОИ ИНТИЗОМӢ

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар баёнияи муштараке аз ниҳодҳои интизомӣ тақозо карданд, ки қазоёъи ҳамла ба рӯзноманигронро ҷиддан таҳқиқ кунанд ва ҷомеъаро аз натоиҷи таҳқиқот огоҳ созанд.

Ин баёнияро руасони Иттиҳодияи рӯзноманигорон, Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон, созмонҳо ғайридавлатии “Медия Алиянс” ва “Журналист” ва Сандуқи гиромидошт ва дифоъ аз рӯзноманигрон имзо кардаанд.

Дар ин баёния ибрози нигаронӣ шуда, ки танҳо дар зарфи ду ҳафтаи моҳи ҷорӣ аз се мавриди ҳамла ба афроди марбут ба фаъъолияти журналистӣ гузориш шудааст.

Дар ин муддат Салим Шамсиддинов, раиси ҷамъияти ӯзбакҳо дар Қурғонтеппа, пас аз мусоҳибааш бо рӯзноманигрон, сипас Далер Шарипов, хабарнигорни телевизиюни “Сафина” дар шаҳри Душанбе ва ахиран Равшани Ёрмуҳаммад, нависандаи тоҷик мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтаанд.

Дар баёния омадааст: “Паҳн кардани эҳсоси тарс аз сӯйи гурӯҳҳои ҷиноӣ метавонад ба “фирори мағзҳо” мунҷар шавад.”

Зимнан, вазорати кишвари Тоҷикистон дар сойти расмии худ хабаре мабнӣ бар дарёфти шикояти Равшани Ёрмуҳаммад дар бораи ҳамлаи афроди номаълум ба ӯро мунташир кардааст.
Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854