ХИСОРОТИ СЕЛ ДАР МАНОТИҚИ МУХТАЛИФИ ТОҶИКИСТОН
Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон аз хароб шудани чаҳор манзили маскунӣ дар асари сел дар ноҳияи Истравшани вилояти Суғд хабар дод. Ҳамчунин, сел дар ин ноҳия ба беш аз 10 манзили дигар хисорот ворид карда ва се пули иртиботии миёни деҳоти Исравшанро хароб кардааст.
Наргис Нурова, як масъули дафтари матбӯъотии ин кумита рӯзи сешанбеи 24 апрел ба Би-би-сӣ гуфт: "Бориши шадиди борон ва жолаи сесоъата дар ноҳияи Истравшан мӯҷиби сел шуд ва ба иқтисоди ин ноҳия хисороте ворид кард. Дар ҳоли ҳозир кумисиюни вижа машғули санҷиши мизони хисороти ин ҳодиса аст."
Ду рӯз қабл сел дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба чил манзил хисорот ворид карда ва бар асари он роҳи утумубилгарди миёни рустоҳои ҷамоъати деҳоти Чорбоғи ин ноҳия масдуд шуда буд.
Ҳамчунин кумитаи умури изтирорӣ мегӯяд, ки сел як пул ва ҳашт манзили маскуниро дар деҳаи Рӯдакии ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон хароб кардааст. Тибқи хабарҳои таъйидношуда дар ин ноҳия як зани 34-сола дар ҳодисаи сел ҷон додааст. Гузоришҳо ҳокист, ки сел мазореъи зиёдеро низ хароб кардааст.
Ҳафтаи гузашта кумитаи умури изтирорӣ эълом кард, ки дар се моҳи соли равон дар Тоҷикистон 14 нафар аз сокинон дар асари ҳаводиси табиъӣ кушта шудаанд ва иқтисоди кишвар беш аз 2 милюну 300 ҳазор сомонӣ хисорот дидааст.
Би-Би-Си