15:51:23 03-уми Июни 2025 сол

ДАР ТОҶИКИСТОН МИНАҲОРО ТАВАССУТИ МОШИНИ МАХСУС БЕЗАРАР ХОҲАНД КАРД

Сафири ИМА Кен Гросс ва ҷонишини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Грудына дар маросими расмии ба Вазорати дифоъ тақдими мошини безараргардонӣ аз минаҳо «Mini Mine Wolf» ширкат ва суханронӣ намуданд.  

/images/stories/2012/04/20_minaho_2012_1.jpg

Барои дастгирии кӯшишҳои безараргардонии қаламрави Тоҷикистон аз минаҳо ва таъмини амнияти шаҳрвандони он сафорати ИМА дар якҷоягӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тоҷикистонии оиди масоили минаҳо ҳамкории зич намуданд.  

/images/stories/2012/04/20_minaho_2012_2.jpgДар давоми ду соли охир Вазорати мудофиа мошини безараргардонӣ аз минаҳо Mini Mine Wolf-ро аз Ҳукумати ИМА ба иҷора гирифта онро барои безараргардонии минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди истифода қарор дод. Акнун Тоҷикистон соҳиби дастгоҳи аз масофаи дур идорашавандаи безараргардонӣ аз минаҳо мешавад.  

Мошини безараргардонии бо арзиши 1 миллион доллари ИМА ҷараёни кори бехавфгардониро  хуб таъмин менамояд. Ба минтақаи покшуда бидуни санҷиши иловагӣ сертификати «покшуда»  дода мешавад.

/images/stories/2012/04/20_minaho_2012_3.jpgИлова бар ин  САҲА барои нишон додани тарзи дурусти истифодаи дастгоҳи мазкур мутахассисони ботаҷрибаи заруриро низ ба Тоҷикистон эъзом менамояд. Мошинаи безараргардонӣ аз минаҳо аз ҷониби Барномаи Ҳукумати ИМА оид ба маблағгузории сохторҳои ҳарбии хориҷӣ  дар ҳамоҳангӣ бо бахши Сафорати ИМА оид ба ҳамкории ҳарбӣ харидорӣ шудааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854