"ТАЛКО" АЗ ГАЗИ УЗБАКИСТОН БЕНАСИБ МОНД
Интиқоли гази Узбакистон ба корхонаи "Талко" қатъ шудааст. Дар ин бора масъулони ширкат хабар доданд. Интиқоли гази Узбакистон ба "Талко" - бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз, 2-юми апрел, қатъ шудааст.
Игор Сатторов, сухангӯи "Талко" дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкат то ба ҳол манбаи дигари таъмини истеҳсолот бо маводи сӯхтро пешбинӣ накардааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, онҳо умедворанд, ки музокирот сари таъмини ширкат бо гази Узбакистон муваффақ хоҳад буд.
Бино ба иттилои расмӣ, корхонаи "Талко" солона 45-50 миллион метри мукааб, чоряки гази воридотӣ аз Узбакистонро истифода мекунад. Худи Тоҷикистон дар соли 2012-ум аз Узбакистон бояд 200 миллион метри мукааб газ ворид мекард. Аммо ахиран Тошканд бо ирсоли номае ба "Тоҷиктрансгаз" гуфт, сар аз моҳи апрел интиқоли газ қатъ хоҳад шуд.
Сайидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктраснгаз" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ амалкарди ҷониби Узбакистонро ба иҷрои қарордоди интиқоли гази ин кишвар ба Чин марбут донист, ки аз аввали моҳи апрел оғоз шудааст. Дар оғози соли ҷорӣ Узбакистон бидуни огаҳӣ интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ кард ва танҳо ба дунболи сафари ҳайати баландпояи ин кишвар, таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон ба Тошканд ва имзои созишномаи нави интиқоли гази табиӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон 5-уми январ мушкил рафъ гардид.
Коршиносон бар инанд, ки қатъи газ барои ширкати "Талко" ба истеҳсолоти ин корхонаи асосии саноатии Тоҷикистон халали ҷиддӣ ворид хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ҷониби Туркманистон барои интиқоли газ ба Тоҷикистон изҳори омодагӣ карда, вале ҳамзамон гуфтааст, ин амр дар пайи ризояти Тошканд имконпазир хоҳад шуд. Туркманистон танҳо аз тариқи лӯлаи гази Узбакистон метавонад, ки ба Тоҷикистон газ диҳад.
«Озодӣ»