18:58:10 06-уми Апрели 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

УЗБАКИСТОН БА ТАХРИБИ ҚИТЪАИ АМУЗАНГ-ХАТЛОН ОҒОЗ КАРД

Узбакистон ба барчидани релсҳо дар роҳи оҳан дар самти Амузанг-Хатлон шурӯъ кардааст. Ҳамлу нақли коло ба вилояти Хатлон, қисмати ҷанубии Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Узбакистон тавассути ин роҳи оҳан сурат мегирифт.

/images/stories/2012/03/30_rohi-ohan-uzbak_30312.jpgИдораи Роҳи Оҳани Тоҷикистон хабари барчидани релсҳо дар ин қисмати роҳи оҳан аз ҷониби Узбакистонро тасдиқ кард. Як манбаъ аз Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, ки  ҷониби Узбакистон релсҳои қитъаи Хашадӣ - Амузанги ин самтро аз байн бурдааст ва ҳамакнун интиқоли бор ба вилояти Хатлон тавассути ин роҳи оҳан комилан ғайримумкин шудааст.

Манобеи Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, Узбакистон дар шарҳи ин амали худ гуфтааст, ки мехоҳад истгоҳи роҳи оҳани «Ғалаба - Амузанг»-ро ба марзи Тоҷикистон наздиктар намояд ва ба ин далел роҳи оҳан ниёз ба бозсозӣ дорад. Аммо ин манбаъ афзуд, ки амали Узбакистон хилофи меъёрҳои мавҷуда аст, чун ин кишвар вазифдор буд, ки барои барчидани релсҳо ва иваз кардани истгоҳи Роҳи оҳан ва кӯчонидани он ба марзи Тоҷикистон,  ҷониби Душанберо огоҳ кунад.

Қитъаи роҳи оҳани «Ғалаба - Амузанг» 16-уми ноябри соли гузашта баста шуда буд. Ҷониби Узбакистон он замон гуфта буд, ки дар ин қисмати роҳ таркиш ба амал омада ва пули иртиботӣ тахриб шудааст ва онро амали терористӣ арзёбӣ карда буданд.

Аммо баъдан хабарнигори Евразиянет.орг аз қитъаи роҳи оҳани Амузанг боздид кард ва гуфт, ки "роҳи оҳани Узбакистон ба асари ҳамлаи террористӣ тахриб нашудааст."

Ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла В. Сабкалов, муовини раиси Идораи Роҳи оҳан ин амали Узбакистонро сиёсӣ арзёбӣ мекунанд.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi