23:25:55 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

АҲМАДИНАЖОД «ХОНАИ ЭРОН» ДАР ДУШАНБЕРО ИФТИТОҲ КАРД

Муҷтамаи фарҳангии «Хонаи Эрон» дар Душанбе аз сӯи Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ифтитоҳ шуд. Аҳмадинажод, ки бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сафар кардааст, рӯзҳои якшанбе ва душанбе дар барномаҳои таҷлили «Наврӯзи байналмилалӣ - 2012» ва «Конфаронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон» дар шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.

/images/stories/2012/03/24_ahmadenajed-24312.jpgСафари раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон се рӯз идома меёбад ва Аҳмадинажод дар нахустин рӯзи сафараш дар Кохи "Миллат" бо президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш дидору гуфтугӯ анҷом дод. Сипас Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими ифтитоҳи муҷтамаи фарҳангии «Хонаи Эрон» ширкат ва суханронӣ кард. Ин тарҳ бо сармояи Эрон бунёд шуда ва ҳадаф аз он муаррифии фарҳангу ҳунар ва таърихи Эрон аст. Ин муҷтамаъи фарҳангӣ аз чанд толору ғурфаҳо таркиб ёфтааст.

Ба иттилои дастандаркорони ин тарҳ, дар маросими ифтитоҳи «Хонаи Эрон» намунаҳое аз фарҳанги ақвоми эронӣ ба намоиш гузошта шуда ва намоишгоҳи саноати дастӣ, назири хаттотӣ, қолибофӣ ва минокориро барои алоқамандон дар бар мегирад. Ҳамчунин интизор меравад, ки дар ин муҷтамаи фарҳангӣ, маҳфилҳои адабӣ, назири «Шоҳномахонӣ», «Ҳофизхонӣ» ва «Рӯдакихонӣ» иҷро шавад.

Зимнан, бо он ки муҷтамаи «Хонаи Эрон» дар маҳали қаблии корхонаи «Тоҷикатлас»-и шаҳри Душанбе фаъол хоҳад шуд, аммо ҳазинаи бунёди он эълом нашудааст. Тоҷикистон ва Эрон аз муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ бархӯрдоранд ва муддати ду даҳсола робитаҳои хуберо дар ин самт ҳифз кардаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi