20:51:37 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"КӮМАКҲОИ МО БАЪД АЗ СОЛИ 2014 НИЗ ИДОМА ХОҲАД ЁФТ"

Амрико мегӯяд, ки муттаҳидони аврупоии НАТО ба кӯмакҳои молии худ ба нерӯҳои афғон пас аз соли 2014 низ идома хоҳанд дод. Марк Гроссман, фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон афзуд, ин кӯмакҳо кофӣ ва давомдор хоҳанд буд.

НАТО дар назар дорад то бахши бузурги нерӯҳояшро то охири соли 2014 аз Афғонистон берун кунад ва масъулиятҳои амниятиро ба худи афғонҳо вогузор намояд. Аммо стратегия барои маъмурияти Афғонистон тақозо мекунад то ҷомеаи байналмилалӣ масорифи нерӯҳои артиш ва пулиси миллии Афғонистонро бипардозад. Ин мавзӯъ пешбинӣ мешавад дар нишасти НАТО дар моҳи май дар Чикаго матраҳ шавад.

Марк Гросман рӯзи ҷумъа дар қароргоҳи НАТО ба хабарнигорон гуфт, ки машғули машварат дар мавриди теъдоди нерӯҳо ва сипас тақсими масрафҳои онҳост. Вай афзуд, "чизеро ки то имрӯз ман дар гуфтугӯҳо шунидам, тааҳҳудот барои ҳимояти дарозмуддат ва кофӣ барои нерӯҳои амниятии афғон буд."

Ба гуфтаи намояндаи вижаи ИМА барои Афғонистон ва Покистон, машваратҳо дар мавриди тамвили нерӯҳои афғон дар нишасти Чикаго идома хоҳад ёфт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi