21:29:41 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗДОШТИ САРҲАНГИ ОҶОНСИ ЗИДДИ МАВОДИ МУХАДДИР

Оҷонсии назорат бар маводи нашъадор боздошти кормандаш Р. Мирзоаҳмедовро таъйид кард, аммо иттиҳоми аслии боздоштро шарҳ надод. Як масъули Оҷонсии назорат бар маводи нашъадор ба мо гуфт, дар заминаи ин боздошт ва ангезаҳои он то ҳол маълумоти расмии Додситонии кулл ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро дарёфт накардаанд. Ин манбаъ гуфт, оҷонси мехоҳад, сабаби боздошт ва далоили онро дақиқ намояд.

agentii-narkotikҚаблан хабар дода будем, ки боздошти сардори Раёсати ҷустуҷӯи фаврии Оҷонси зидди маводи мухаддир Равшанбек Мирзоаҳмедов ҳудудан даҳ рӯз қабл бо иттиҳоми зиёдаравӣ дар иҷрои салоҳиятҳояш боздошт шудааст. Масъули оҷонсӣ даст доштани  Мирзоаҳмедов дар қочоқӣ маводи мухаддирроо рад кард ва гуфт, ки ӯ танҳо аз рӯи моддаҳои 314 ва 315 - зиёдаравӣ дар иҷрои салоҳиятҳои Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад.

Равшанбек Мирзоаҳмедов аз кормандони қадимии Оҷонсии мазкур буд, ки фаъолияташро аз замони ташкилшавии ин ниҳод шурӯъ кард ва то замони боздошт дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори шӯъбаи Раёсати фаврӣ, сардори Раёсати сайёри оперативӣ, сардори шӯъбаи амнияти дохилӣ ва тақрибан 3 - 4 моҳ ба ин сӯ сардори Раёсати фаврӣ- ҷустуҷӯӣ кор кардааст.  Ӯ аз соли 1981 дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият дошт ва рутбаи сарҳанг ё полковники хизмати назорати маводи нашъаоварро дарёфт кардааст.

Дар гузашта низ Оҷонси назорати маводи нашъадори Тоҷикистон аз боздошти 7 кормандаш бо иттиҳомоти гуногун гузориш дода буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi