КӢ МЕХОСТ БА ҶОНИ ПУТИН СӮИҚАСД БИКУНАД?
Телевизиони Русия навори бозпурсии афроди гумонбар ба талоши сӯиқасд ба ҷони Владимир Путинро ба намоиш гузошт. Бино ба гузоришҳо, дар шаҳри Одессаи Украина хадамоти кашфи Русия ва Украина Иля Пянзин ва Адам Осмаевро боздошт кардаанд.
Ҳангоми амалиёти боздошт шахси севвум Руслан Мадаев кушта шудааст. Ду нафари боздоштшуда гуфтаанд, ки дастури кушторро аз Доку Умаров, фармондеҳи ҷангсолорони Қафқози Шимолӣ, гирифтаанд.
Боздоштшудагон гуфтаанд, ин куштор бояд баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия, ки рӯзи чоруми март баргузор хоҳад шуд, дар Маскав амалӣ мешуд. Барои ин кор онҳо мехостаанд минаҳои низомиро истифода кунанд.
Расонаҳои Русия менависанд, ки сӯиқасдкунандагон аз Амороти Мутттаҳидаи Араб тавассути Туркия ба Украина омадаанд. Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин ин гузориши хабаргузориҳоро таъйид карда, вале аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намудааст.
«Озодӣ»