08:31:44 06-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ОТАШСӮЗӢ ҶОНИ ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОНРО ГИРИФТ

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон дар оташсӯзие дар Русия хабар дод. Ба гуфтаи масъули дафтари матбуъотии ин сафорат, рӯзи 25 феврал Моҳиршо Мавлододови 19-сола, ки дар ин оташсӯзи шадидан захмӣ шуд, дар бемористоне дар ҳумаи Маскав ҷон дод.

Мурод Бӯрибоев мегӯяд, инфиҷори гоз, ки оташсӯзии шадиде дар пай доштааст, дар шаҳраки Гуркий-25, воқеъ дар ноҳияи Дмитривскийи ҳумаи шаҳри Маскав, пойтахти Русия, рӯзи 19 феврал рух додааст. Оқои Бӯрибоев, рӯзи душанбеи 27 феврал, дар як гуфтугӯи телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар натиҷаи ин оташсӯзӣ чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд, ки дар миёни онҳо Илҳом Мирзокаримови 18-сола сокини дигари Тоҷикистон, низ будааст.

Оқои Бӯрибоев мегӯяд: “Илҳом Мирзокаримов, зодаи шаҳри Турсунзода, ки оташ 90 дарсади баданашро захмӣ кард, рӯзи 22 феврал дар бемористоне дар ҳумаи шаҳри Маскав ҷон дод.”

Оқои Бурибоев мегӯяд, ки ҷасади Илҳом Мирзокаримов бо кумаки масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Тоҷикистон мунтақил шуда ва баъд аз ташхиси пизишкӣ ҷасади Моҳиршо низ ба ватан фирситода хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки ин ду сокини Тоҷикистон, аз ҷумлаи шуморе аз муҳоҷирони Тоҷикистон ҳастанд, ки дар шаҳраки Гуркийи ҳумаи Маскав, машғули корҳои мавсимӣ будаанд. Ба гуфтаи сухангӯйи сафорат, эҳтимол дорад рӯзи 27 феврал ҷасади Моҳиршо Мавлодов ба ватан фириситода шавад.

Дар ҳамин ҳол хабарҳои расида аз Русия ҳокӣ аз афзоиши маргу мири муҳоҷирон дар он кишвар дар оташсӯзиҳо ва ҳаводиси дигари рӯзмарра будааст. Ин дар ҳолест, ки 24 феврали соли ҷорӣ аҷсоди ду муҳоҷири ҷавони тоҷикистонӣ, ки дар асари масмумият аз гози корбун дар шаҳри Маскав ҷон додаанд, ба ватан интиқол ёфтаанд.

Хуршед Пӯлодов ва Хурсанд Ҷӯмъабоев, сокинони вилояти Суғд, машғули ироаи хадамоти нақлия дар шаҳри Маскав буданд. Аз сӯйи дигар мақомоти ниҳодҳои марбут ба муҳоҷирони ҳар ду кишвар мегӯянд, ки мизони маргу мири муҳоҷирони тоҷик дар Русия коҳиш ёфтааст.

Бо ин вуҷуд дар соли 2011 аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади 816 табаъаи тоҷик интиқол ёфтааст, ки 91 нафар аз онҳо ба қатл расидаанд. Бархе аз коршиносни умури муҳоҷират таваҷҷуҳи нокофии мақомоти Тоҷикистон ба сарнавишти муҳоҷирон дар Русияро яке аз сабабҳои аслии маргу мири муҳоҷирон ва ба вижа қатли онҳо аз сӯйи нажодпарастон дар он кишвар унвон мекунанд.

Дар авохири соли 2011 қатли фаҷеъи Бахтиёр Расулов, сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки дар устони Ленингроди Русия ба қатл расид, дар Тоҷикистон вокунишҳоеро ба бор овард. Оқои Расулов, ки ба унвони ронандаи токсӣ дар Русия кор мекард, рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби афроди ношинос бо чоқу ба қатл расида, ва сар аз танаш ҷудо шуда ва ҷасадаш дар дохили худрав сӯзонда шуда буд.

Қатли Оқои Расулов аз ҷумлаи андак ҳаводиси қатли муҳоҷирон дар Русия буд, ки мақомоти Тоҷикистон ба он вокуниши ҷиддие нишон доданд. Аз ҷумла Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, барои равшан сохтани ҷузъиёти ин ҳодисаи қатл ба Русия рафт ва бо мақомоти зирабти он кишвар мулоқотҳо анҷом дод.

Бо ин вуҷуд, ҳануз ниҳодҳои интизомии Русия афроди мушаххасеро, ки дар ин қатл муқассир будаанд, боздошт ва муъаррифӣ накардаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi