12:02:12 01-уми Июли 2025 сол

АЗ ТАРҲИ СӮИҚАСД БА ҶОНИ ПУТИН ҶИЛАВГИРӢ ШУДААСТ

Бино ба хабари "Шабакаи аввал"-и Русия, Хадамоти махсуси Русия ва Украина аз тарҳи сӯиқасд ба ҷони Владимир Путин ҷилавгирӣ кардаанд.

Дар торнамои "Шабакаи аввал"-и Русия омадааст, мақомоти интизомӣ дар Одесса гурӯҳи одамонеро боздошт мекунанд, ки таҳти пайгарди қонунӣ қарор доштаанд. Аз баёноти онҳо рӯшан шудааст, ки ин гурӯҳ ният дошт, пас аз интихоботи раёсати ҷумҳури Русия ба ҷони Владимир Путин сӯиқасд кунанд. Котиби матбуотии нахуствазири Русия дар сӯҳбат бо "Интерфакс" ин хабарро рад накарда, вале ҳамзамон аз шарҳи он худдорӣ намудааст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ