14:45:12 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МАРЗБОНҲОИ РУС БАРНАМЕГАРДАНД. ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

Думаи давлатии Русия созишномаи ҳамкории Русия ва Тоҷикистонро дар масъалаҳои марзӣ ба тасвиб расонд. Ин санад 2-юми сентябри соли 2011 дар Душанбе аз тарафи президентҳои ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба имзо расида, барои ҳузури Гурӯҳи ҳамкории марзбонии Русия дар Тоҷикистон дар 5 соли оянда заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Медведев и Эмомали РахмонБино бар он зиёда аз 200 мушовири ҳарбии Русия бо марзбонони тоҷик ҳамкорӣ мекунанд. Русия талош дошт, зимни ин гуфтушунидҳо марзбонони худро ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бозгардонад. Дар ин созишнома инчунин ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароии динӣ, муҳоҷират, ҷиноятҳои фаромиллӣ, қочоқи аслиҳа, маводи радиоактивӣ ва маводи мухаддир дар назар гирифта шудааст.

Созишномаи пешини миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди ҳамкориҳои марзӣ моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва муддати иҷрои он 5 сол таъйин шуда буд. Бар асоси ин санад, хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуда ва дар соли 2005 ин раванд поён ёфт. Марҳилаи ибтидоии хуруҷи марзбонони Русия, дар хатти марзи муштараки Тоҷикистон бо Чин сурат гирифта буд.

Ба ин тартиб, дар тобистони соли 2005 марзбонони Русия аз марз комилан хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ монданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi