26 800 ШИШАЧАИ ИНСУЛИН БА БЕМОРОН РОЙГОН ДОДА МЕШАВАД
Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Сера Пенҳюн дар маросими расондани кӯмаки башардӯстона, ки бо арзиши зиёда аз 2 миллион доллар аз тарафи ширкати амрикоии Ели Лилли (Eli Lilly) хайрия шуда аз ҷониби Департаменти Давлатии ИМА ва лоиҳаи ҲОУП барои мардуми Тоҷикистон таҳия шудааст, ширкат варзид.
Маросим дар Маркази эндокринологии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ин хайрия, ки аз 26 800 шишачаи инсулин иборат аст, ройгон ба мардуми Тоҷикистон тақдим карда мешавад. Лоиҳаи ҲОУП ва Вазорати тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон ин лавозимоти тиббиро ба дигар марказҳои эндокринологӣ дар сар то сари Точикистон таҳвил менамояд.
Лоиҳаи ҲОУП маводу таҷҳизоти тиббиро ба маблағи умумии 302 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон кӯмак намудааст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳои мухталиф ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ғайраи Тоҷикистон ба маблағи беш аз 984 миллион доллари амрикоӣ кумаки молӣ кардааст.
«Рӯзгор»